Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷойҳои кории холӣ 30.06.2020

 

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН ДАР ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОХТОРҲОИ ЗЕРТОБЕИ ОН

 

РӮЙХАТИ  МАНСАБҲОИ  ХОЛИИ  ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ ВА СОХТОРҲОИ ЗЕРТОБЕИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Сардори шуъбаи қонунгузории меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Сарраёсати қонунгузорӣ – 1 баст (маош – 1609.20 сомонӣ)
  2. Сармутахассиси раёсати қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии Сарраёсати қонунгузорӣ – 1 баст (маош – 1200 сомонӣ)
  3. Сармутахассиси раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ – 1 баст (маош – 1200 сомонӣ)
  4. Сармутахассиси раёсати молия ва хоҷагӣ – 1 баст (маош – 1200 сомонӣ)
  5. Сармутахассиси раёсати молия ва хоҷагӣ – 1 баст (маош – 1200 сомонӣ)
  6. Мутахассиси пешбари раёсати қонунгузории гражданӣ ва мудофиаи Сарраёсати қонунгузорӣ – 1 баст (маош – 978 сомонӣ)
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Сарраёсати қонунгузорӣ - 1 баст (маош – 978 сомонӣ)
  8. Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории молия, қарз, андоз, гумрук ва соҳибкории Сарраёсати қонунгузорӣ – 1 баст (маош – 978 сомонӣ)
  9. Мутахассиси пешбари шуъба оид ба ҳуқуқи кудаки раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – 1 баст  (маош – 978 сомонӣ)
  10. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – 1 баст (маош – 978 сомонӣ)
  11. Мутахассиси пешбари шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ – 1 баст (маош – 978 сомонӣ)
  12. Нотариуси давлатии саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон– 1 баст (маош – 1387,80 сомонӣ)
  13. Нотариуси давлатӣ-бойгонидори саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст (маош – 1387,80 сомонӣ)   
  14. Нотариуси давлатии идораи нотариалии ноҳияи Сангвор – 1 баст (маош – 768 сомонӣ)
  15. Нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд – 1 баст (маош – 1139,40 сомонӣ)
  16. Нотариуси давлатӣ-бойгонидори идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд – 1 баст (маош –1139,40 сомонӣ)
  17. Нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд – 1 баст (маош – 984 сомонӣ)
  18. Нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд – 1 баст (маош – 804 сомонӣ)
  19. Нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд – 1 баст (маош – 768 сомонӣ)
  20. Нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Айнии вилояти Суғд – 1 баст (маош – 768 сомонӣ)
  21. Нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии вилояти Хатлон - 1 баст (маош - 1378,80 сомонӣ)
  22. Нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Мурғоби ВМКБ – 1 баст (маош –1152 сомонӣ)
  23. Муовини сардори раёсати адлияи вилояти Суғд – 1 баст (маош 1695,60 сомонӣ)

         Талаботи тахассусӣ барои сардори шуъба – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 4 сол собиқаи хизматии давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ;

 

                   Талаботи тахассусӣ барои сармутахассис – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизматии давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ барои сармутахассиси раёсати молия ва хоҷагӣ – таҳсилоти олии касбӣ (иқтисодӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансаби мазкури маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ барои мутахассиси пешбар - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансаби мазкури маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ барои нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, донистани забони давлатӣ ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» доштани на камтар аз се сол собиқаи кории касбӣ, барои мансаби нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии вилояти Хатлон 3 сол собиқаи касбӣ дар идораи нотариалии давлатӣ;  

 

            Талаботи тахассусӣ барои муовини сардори раёсат – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизматии давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  --дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

   - малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

 

 

ТАЛАБОТ БАРОИ  ДОВТАЛАБ:

       Таҳсилот : олии – ҳуқуқшиносӣ. (иқтисодӣ барои  раёсати молия ва хоҷагӣ)                                       

       Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

     - ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

     - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

     - тарҷумаи ҳол;

     - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

     - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

     - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

     - нусхаи РМА (рақами мушахасси андозсупоранда);

     - эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

     - нусхаи шиноснома;

     - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

     - дело (лифофа – 1 дона)

 

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгўи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

          Озмун аз се марҳила иборат аст, марҳилаи якум - омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталабон, марҳилаи дуюм - гирифтани кори хаттӣ ва марҳилаи сеюм - саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб. Шахсоне, ки аз марҳилаи якум ва дуюм намегузаранд ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.

         Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун 21 рӯзро ташкил медиҳад.

         Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сомонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.minjust.tj; www.adliya.tj), рақами телефонии 221-61-09 метавонед муроҷиат намоед.

 

 

 

Нашр шудааст: 30.06.2020

Илова кунед: