Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷойҳои кории холӣ 26.11.2021

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН ДАР

ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

РӮЙХАТИ  МАНСАБҲОИ  ХОЛИИ  ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ  ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Сардори раёсати қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии сарраёсати қонунгузорӣ – 1 баст (маош – 2746.60 сомонӣ)
  2. Сармутахассиси шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти сарраёсати қонунгузорӣ – 1 баст  (маош – 1380 сомонӣ)
  3. Сармутахассиси шуъбаи қонунгузории истифодаи замин, манзил, шаҳрсозӣ ва кишоварзии сарраёсати қонунгузорӣ – 1 баст (маош – 1380 сомонӣ)
  4. Сармутахассиси шуъбаи шартномаҳои байналмилалӣ ва таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсони раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – 1 баст (маош – 1380 сомонӣ)
  5. Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии лоиҳаҳои байналмилалии инвеститсионии раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – 1 баст (маош – 1380 сомонӣ)
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – 1 баст (маош – 1124.70  сомонӣ)
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ – 1 баст  (маош – 1124.70  сомонӣ)
  8. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Роғуни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 942,60  сомонӣ)
  9. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 883,20  сомонӣ)
  10. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Нурободи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 883,20 сомонӣ)
  11. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Лахши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 901,20  сомонӣ)
  12. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ашти вилояти Суғди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 972,90  сомонӣ)
  13. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 924,60  сомонӣ)
  14. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 883,20  сомонӣ)
  15. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 883,20сомонӣ)
  16. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 баст  (маош – 883,20  сомонӣ)
  17. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 баст  (маош – 972,20  сомонӣ)

           Талаботи тахассусӣ барои сардори раёсат – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 4 сол собиқаи хизматии давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва  кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

 

           Талаботи тахассусӣ барои сармутахассис – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизматии давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

          Талаботи тахассусӣ барои мутахассиси пешбар - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансаби мазкури маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

ТАЛАБОТ БАРОИ  ДОВТАЛАБ:

       Таҳсилот : олии  ҳуқуқшиносӣ:

       Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

     - ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ ;

     - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

     - тарҷумаи ҳол;

     - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

     - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

     - маълумотнома аз сармаркази иттилоотӣ-таҳлили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

     - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

     - эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

     - нусхаи шиноснома;

     - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

     - парванда (лифофа – 1 дона)

 

             Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

             Озмун аз се марҳила иборат аст, марҳилаи якум - омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталабон, марҳилаи дуюм - гирифтани кори хаттӣ ва марҳилаи сеюм - саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб. Шахсоне, ки аз марҳилаи якум ва дуюм намегузаранд, ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.

            Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун 21 рӯзро ташкил медиҳад.

            Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути суроғаи электронии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (info@adliya.tj), рақами телефони  221-61-09 (факс) метавонед муроҷиат намоед.

Нашр шудааст: 26.11.2021

Илова кунед: