Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбхои сиёсӣ

Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ сохтори воҳидии дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раёсат фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомнома амалӣ менамояд.

 Вазифаҳо ва функсияҳои Раёсат чунинанд:

- ба амал баровардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;

- қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;

- бақайдгирии давлатии барҳамдињии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизбҳои сиёсиро ба қайди давлатӣ мегирад;

- назорат ва мавриди санҷиш қарор додани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо оид ба риоя намудани ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;

- талаб намудани тавзеҳот аз мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо оид ба риоя нашудани оинномаҳои онҳо;

- додани огоҳинномаи хаттӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо;

- ба суд муроҷиат намудан оид ба ҳолатҳои бо қонунҳо муайяншуда дар хусуси боздоштани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо ё барҳам додани онҳо;

- пешбурди Феҳрасти давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ;

- қабул намудани ҳисобот оид ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо;

- тафтиш кардани руйхати аъзоёни ҳизби сиёсӣ;

Раёсат, инчунин дигар вазифа ва функсияҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд ва супоришҳои алоҳидаи роҳбарияти Вазоратро ба амал мебарорад. 

 Раёсат бо мақсади иҷро намудани вазифа ва функсияҳои худ ҳуқуқ дорад:

- назоратро аз болои фаъолияти оинномавии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳоро ба амал барорад;

- ҳар сол оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо, ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳисобот қабул намояд;

- бо мақсади мукаммалгардонӣ барои дар оянда ба амал баровардани назорат аз болои фаъолияти оинномавии ҳизбҳои сиёсӣ, дар вақти бақайдгирӣ аз онҳо оид ба маҳалли ҷойгиршавӣ маълумотнома талаб кунад;

- ҳуқуқ дорад дар маъракаҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъияти гузаронидашаванда иштирок намояд;

- аз болои иҷроиши мақсадҳои оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагӣ ва филиалҳо, ҳизбҳои сиёсӣ санҷиш гузаронад.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ аз тарафи Раёсатҳои адлияи ВМКБ ва вилоятҳо  анҷом дода мешавад.

Барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба мақомоти бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза, ки онро аъзои мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ имзо кардаанд ва дар он насаб, ном, номи падар, ҷойи истиқомат ва телефонҳои робита;

- оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ду нусха бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши ташкилоти ҷамъиятӣ ду нусха бо забони муоширати байни миллатҳо;

- иқтибос аз протоколи анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ, ки дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тасдиқи оиннома, ташкил кардани мақомоти роҳбарикунанда ва мақоми назорату тафтишии он маълумот дорад;

- маълумот дар бораи муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ: барои шахсони воқеӣ - насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои сукунат, шаҳрвандӣ (бо имзоҳояшон тасдиқ мегардад) ва нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад; барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шӯроъ) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нусхаи шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатии оинномаи ин иттиҳодияҳо, иқтибос аз протоколи маҷлиси мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо қарор дар бораи таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шӯрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нусхаи шартномаи таъсисӣ;

- ҳангоми аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода бурдани рамзи таҳти ҳимояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ қарордошта - ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онро тасдиқ мекунанд;

- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;

- ҳуҷҷат дар бораи нишонии (маҳалли ҷойгиршавии) мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ протоколҳои анҷуманҳо, конференсияҳо, маҷлисҳои умумӣ ё маҷлисҳои таъсисии воҳидҳои сохторӣ.

 Барои қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба мақомоти бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1) аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали он;

2) нусхаи аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки намояндагӣ ё филиал таъсис медиҳад;

3) қарори иттиҳодияи ҷамъиятӣ:

а) дар бораи таъсиси намояндагӣ ё филиал;

б) дар бораи тасдиқи Низомнома;

в) дар бораи таъин намудани роҳбари намояндагӣ ё филиал;

4) Низомномаи намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

5) ваколатнома, ки ба роҳбари намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ дода шудааст;

6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ.

7) расиди хазинавӣ ё нусхаи супориши пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза;

- нусхаи қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

- ҳуҷҷат аз мақомоти андоз оид ба қарздор набудани иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз буҷет ва санади муқоисавӣ;

- эълон дар яке аз рӯзномаҳо оид ба барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ, филиал ё намояндагӣ;

- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ.

 

Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо - ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4) барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ - ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирӣ ситонида мешавад;

6) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ - ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ - ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст;

8) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо - ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Илова кунед: