Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравй


Маълумот

Бахши бакайдгирии давлатии уҳдадориҳои гарави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» мақоми бақайдгирандаи гаравҳои молу мулки манқул ва пешбарандаи Фейрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гарави дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тартиби бақайдгирии гаравҳо расмиёти аз тарафи давлат муқарраргашта аст, ки бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятй дар соҳаи сармоягузорй, қарздиҳй ва иҷрои ўҳдадориҳо, инчунин ташаккули манбаи озоди иттилоот тавассути тартиб додани Феҳрасти ягонаи давлатии хаттй ва электронии молу мулки манқули ба гарав мондашуда амалй мегардад.

Феҳрасти ягонаи давлатии ўҳдадориҳои гарави - иҷрои амалиёти зеринро дар бар мегирад:

- қабули хабарномаи гаравй дар бораи бақайдгирии гарави молу мулки манқул ва ба Феҳрасти ягонаи давлатй дохил кардани иттилооти он;

- қабули хабарномаи гарави дар бораи ҷустуҷўи маълумот аз Феҳрасти ягонаи давлатй вобаста ба шахсони воқей ва ҳуқуқй, молу мулк ва ўҳдадориҳо;

- қабули хабарномаи гаравй дар бораи ворид кардани таљйирот ба бақайдгирии гарави молу мулки манқул ва таљйир додани маълумоти ҷойдошта дар Феҳрасти ягонаи давлатй;

- додани тасдиқнома дар бораи бақайдгирии гарави молу мулки манқул, таљйирот дар бақайдгирй ва гузаронидани ҷустуҷўи маълумот дар Феҳрасти ягонаи давлатй;

- додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатй.

Бақайдгирии гаравҳо метавонад тавассути шабакаи интернет амалй гардад. Дастурамал дар бораи тартиби бақайдгирии гаравҳо тавассути шабакаи интернет аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

 

«Тасдиқ карда шудааст»
бо фармоиши Вазири адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «22» ноябри с.2018, № 157

ДАСТУРАМАЛ
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ
ГАРАВҲО ТАВАССУТИ ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТ

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМЙ

  1. Дастурамал дар бораи тартиби бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул тавассути шабакаи интернет (минбаъд Дастурамали мазкур) тартиби бақайдгирии гарави молу мулки манқулро тавассути шабакаи интернет муайян мекунад.
  2. Дар Дастуруламали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравй (минбаъд Феҳрасти ягонаи давлатй) - манбаи иттилоотии маълумоти уҳдадориҳои гаравй, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад;

- рақами баҳисобгирй- рақамест, ки барои дастрасй ба манбаи маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатй ҷиҳати ба амал баровардани бақайдгирии хабарномаҳо ва ҷустуҷўйҳо имконият медиҳад;

- соҳиби рақами баҳисобгирй- шахсест, ки дорандаи рақами мушаххас, ки Дастурамал мазкур муқаррар кардааст, мебошад. Ў шахсест, ки ба вай дар натиҷаи бақайдгирй рақами баҳисобгирй аз тарафи Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй дода шудааст. Соҳиби рақами баҳисобгирй инчунин гаравгир низ шуда метавонад;

- системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй  -манбаи маълумот аст, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави молу мулки манқул" ва Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 603 тасдиқ шудааст,  ташкил карда шуда, истифода бурда мешавад;

- иқтибос - ҳуҷҷатест, ки аз тарафи Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй дар шакли тасдиқи бақайдгирй, ҷустуҷўй ё ҷузъҳои рақами баҳисобгирй дода шудааст;

- рамз - рақами шахсии соҳиби рақами баҳисобгирист, ки барои истифодабарии рақами шахсй дар Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй имкон медиҳад;

- музд - музди хизматрасониҳои Феҳрасти ягонаи давлатй мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амволи дорои хусусияти умумй - ҳама гунна молу мулки манқуле, ки мувофиқи Дастурамали мазкур ба намуди мушаххаси амволи манқул рост намеояд;

- рақами силсилавй (сериявй)- рақами кузови (рамаи) воситаи нақлиёт;

- хабарнома- маълумоте, ки ба Феҳрасти ягонаи давлатй барои бақайдгирии гарави молу мулки манкул,  ворид намудани таѓйирот ба гарави ба қайд гирифташуда ва ҷустуҷўйи маълумот дохил карда шудааст;

- бақайдгирй – ҷараёни худкори (автоматикии) ворид намудани маълумоти хабарномаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатй;

- рақами бақайдгирй - рақами мушаххасе, ки аз ҷониби Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй барои ҳар як сабти бақайдгирй дар манбаи маълумот дода шудааст;

- системаи Феҳрасти ягонаи давлатй (системаи Феҳраст) – системаи иттилоотии уҳдадориҳои гаравй.

 

2. МАҚОМИ БАҚАЙДГИРАНДА

  1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравиро, ки тамоми маълумотро барои бақайдгирии гарави молу мулки манқул дар бар мегирад, пеш мебарад.
  2. Мақоми бақайдгиранда раванди бақайдгириии хабарномаҳоро идора карда, тамоми маълумотро ба воситаи Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй ба ҳама гуна шахсе, ки ба талаботи пешниҳодкардаи Дастурамали мазкур ҷавобгў мебошад, пешниҳод менамояд.
  3. Раванди бақайдгирии хабарномаҳо дар асоси Дастуруламали мазкур дар шакли электронй амалй карда мешавад.
  4. Дастрасй ба Системаи иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатй тариқи суроѓаи электронии www.fehrist.tj амалй мегардад.
  5. Тасдиқи ҷузъиёти рақами баҳисобгирй дар бораи бақайдгирй ва натиҷаи ҷустуҷўй тавассути Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй ба соҳиби рақами баҳисобгирй ё ба дигар шахси ваколатдор дар шакли электронй аз лаҳзаи ба вуҷуд омадани рақами дахлдор, пешниҳод карда мешавад. Хабарномаи гаравй аз лаҳзаи тасдиқи бақайдгирй, ки аз тарафи Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй дода шудааст, ба қайд гирифта ҳисобида мешавад. Тасдиқи бақайдгирии хабарномаҳо ва натиҷаи ҷустуҷўй ҳуҷҷати расмии Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй мебошад.
  6. Ҳангоми гузаронидани корҳои профилактикй дар Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй мақоми бақайдгиранда расондани хизматҳоро боз медорад ва маълумоти дахлдорро дар сайти электронии худ ҷой медиҳад.

Мақоми бақайдгиранда хабарномаҳои воридшуда, инчунин иқтибосҳои аз Феҳрасти ягонаи давлатй додашударо дар шакли электронй ба ҳисоб мегирад.

 

3. РАҚАМҲОИ БАҲИСОБГИРИИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОН ВА
ПАРДОХТИ ХИЗМАТРАСОНИ

  1. Бақайдгирй ва додани рақами баҳисобгирй барои истифодабарандагони Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй тариқи муроҷиат ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтори он дар вилоятҳо дар шакли замимаи №1 Дастурамали мазкур амалй мегардад.
  2. Шакли пуркардашудаи дархост, якҷоя бо хуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтори он дар вилоятҳо мувофиқан ба суроѓаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакй, 25;

- Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон: шаҳри Хоруѓ, кўчаи Ш.Шокиргиз, 25;

- Раёсати адлияи вилояти Хатлон: шаҳри Бохтар, кўчаи Кайҳоннавардон, б/р;

- Раёсати адлияи вилояти Суѓд: шаҳри Хуҷанд, кўчаи Сирдарё, 46;

    1. Пас аз пешниҳоди шакли пуркардашуда дархост, ба муроҷиаткунанда аз лаҳзаи муроҷиат дар муҳлати 1 (як) рўзи корй «Рақами баҳисобгирй» ва «Рамз» барои авторизатсия дар Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй дода мешавад. «Рамз» ба суроѓаи электронии соҳиби рақами баҳисобгирй, ки дар дархост нишон дода шудааст, фиристода мешавад.
    2. Ҳар як соҳиби рақами баҳисобгирй бо интерфейси истифодабаранда шинос ва оид ба масъулият ҳангоми кор дар Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй огоҳ карда мешавад.
    3. Соҳиби рақами баҳисобгирй мутобиқан ба рақами баҳисобгирии худ ҳуқуқи комил дорад, ки бақайдгирии хабарномаҳоро  ба ҷо  оварад,  ба гарави ба қайд гирифташуда таѓйирот ворид созад, қайдҳоро бекор кунад ва ҷустуҷў гузаронад, инчунин хабарномае, ки дар он соҳиби рақами баҳисобгирй ва боз як шахс ё аз ин бештар ҳамчун гаравгирон нишон дода шудаанд, ба қайд гирад.
    4. Соҳиби рақами баҳисобгирй ба ҳисобномае, ки барои пардохти боҷи давлатй барои мақоми бақайдгиранда дар шуъбаҳои таъиншудаи БДА «Амонатбонк» муқаррар шудааст, маблаѓ мегузаронад. Пас аз интиқоли маблаѓ ба ҳисобномаи мақоми бақайдгиранда дар бонки амонатгузорй, мақоми бақайдгиранда ба рақами баҳисобгирй ба андозаи маблаѓи гузаронидашуда мувофиқи иқтибоси ҳисобномае, ки бонк ба мақоми бақайдгиранда фиристодааст, маблаѓгузорй мекунад.
    5. Пардохти хизматрасонй тибқи тартиби бо Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатй» муқарраршуда амалй мегардад.

 

4. ХАБАРНОМАҲО 

  1. Мақоми бақайдгиранда хабарномаҳои зеринро қабул менамояд:

-   хабарномаи гаравй дар бораи бақайдгирии гарави молу мулки манкул;

- хабарномаи гаравй дар бораи ворид намудани таѓйирот ба гарави ба қайд гирифташуда;

- хабарномаи гаравй дар бораи ҷустуҷўи маълумот аз Феҳрасти ягонаи давлатй вобаста ба шахсони воқей ва ҳуқуқй, молу мулк ва уҳдадориҳо.

  1. Мақоми бақайдгиранда ҳуқуқ надорад, ки барои бақайдгирии хабарномаҳо ҳуҷҷатҳо ё маълумот талаб намояд. Рад кардани бақайдгирй аз тарафи Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй ба таври автоматй иҷро мегардад.
  2. Додани маълумот аз Феҳрасти ягонаи давлатй дар ҳолатҳое рад карда мешавад, ки агар:

- барои ҷустуҷӯи иттилоот дар Феҳрасти ягонаи давлатй ягон маълумот аз ягон меъёри ҷустуҷўи пешбиникардаи банди 17 Дастурамали мазкур нишон дода нашуда бошад;

- набудани маблаѓ дар суратҳисоби соҳиби рақами баҳисобгирй, ба истиснои ҳолатҳои дар асосҳои бемузд пешниҳод кардани маълумот аз Феҳрасти ягонаи давлатй.

20. Гаравгирон ё гаравдеҳони иловагй метавонанд дар хабарнома дарҷ карда шаванд.

21. Ҳангоми хонапурй кардани хабарномаҳои гаравй алифбои кирилли истифода бурда мешавад.

22. Феҳрасти ягонаи давлатй имконияти ҷустуҷўи маълумотро мувофиқи меъёрҳои зерин таъмин мекунад:

- рақами мушаххаси гаравдеҳ;

- рақами кузови (рамаи) воситаи нақлиёт;

- рақами бақайдгирй.

 

5. БАҚАЙДГИРИИ ГАРАВҲО

  1. Бақайдгирии гаравҳо тавассути хабарномаҳо тариқи ворид намудани маълумот ба Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй бевосита аз ҷониби соҳиби рақами баҳисобгирй ё шахси ваколатдори он амалй мегардад. Муҳлати амали бақайдгирии гарав аз лаҳзаи бақайдгирй то 5 солро ташкил дода, тамдиди он тибқи тартиби бо Дастурамали мазкур муқарраршуда сурат мегирад.
  2. Ба гарави ба қайд гирифташуда дар ҳолатҳои зерин таѓйирот ворид карда мешавад:

- бекор кардани бақайдгирй;

- тамдиди муҳлати бақайдгирй;

- хориҷ кардани гаравгир;

- хориҷ кардани гаравдеҳ;

- хориҷ кардани молу мулки манқул;

- илова кардани гаравгир;

- илова кардани гаравдеҳ;

- илова кардани молу мулки манқул.

 

6. ИҚТИБОСҲО

  1. 25. Агар хабарнома мувофиқи талаботи ҳамин Дастурамал пешниҳод карда шуда бошад, Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй иқтибосро, ки маълумоти дар хабарнома ҷойдоштаро дорад, медиҳад.
  2. Илова ба маълумоте, ки дар сархати пешин нишон дода шудааст, дар иқтибос рақами бақайдгирй, инчунин сана ва вақти бақайдгирй нишон дода мешавад.

 

7. УҲДАДОРИҲОИ ГАРАВГИР ОИД БА ПЕШНИҲОД КАРДАНИ МАЪЛУМОТ

  1. Гаравдеҳ ё ҳар шахсе, ки соҳибмулки амволи манқули дар бақайдгирй нишондодашуда мебошад, ҳуқуқ дорад аз шахсе, ки дар худи ҳамон бақайдгирй ба сифати соҳиби рақами баҳисобгирй ё гаравгир мебошад, талаб намояд, ки ба бақайдгирй ба кадри зарурат таѓйирот дохил намояд, агар:

- тамоми уҳдадориҳои ба бақайдгирй тааллуқдошта иҷро шуда бошанд;

- тасвири молу мулки манқул дар бақайдгирй ба амволе тааллуқ дошта бошад, ки дар шартномаи гарави дар бақайдгирй нишон додашудаи байни гаравдеҳ ва гаравгир ҷой надошта бошад;

- дар байни гаравгир ва гаравдеҳе, ки дар бақайдгирй нишон дода шудааст,  шартномаи гарав мавҷуд набошад.

  1. Шахсе, ки ба вай мувофиқи банди 27 талабот пешниҳод карда шудааст, вазифадор аст талаботро дар давоми 15 рўзи баъди гирифтани он иҷро кунад.
  2. Дар сурати аз тарафи шахсе, ки ба вай мувофиқи бандҳои 27 ва 28 талабот пешниҳод карда шудааст, беасос иҷро накардани талабот, шахси талаботро пешниҳодкарда ҳуқуқ дорад ба тариқи судй талаб кунад, ки ба бақайдгирй таѓйирот дохил карда шавад ё он бекор карда шавад.
  3. Мақоми бақайдгиранда баъд аз гирифтани ҳалномаи эътибори қонунй пайдоркардаи суд мувофиқи ҳалномаи суд ба бақайдгирй таѓйирот ворид менамояд ё онро бекор мекунад.

 

8. НАМУДҲОИ МОЛУ МУЛКИ ДОРОИ РАҚАМҲОИ СИЛСИЛАВЙ

  1. Намудҳои молу мулки дорои рақамҳои силсилавй воситаҳои нақлиёт мебошанд.

 

9. ҶАВОБГАРЙ

  1. Мақоми бақайдгиранда барои мазмун ва дурустии маълумоте, дар хабарномаҳо нишон дода шудааст, ҷавобгар намебошад.
  2. Соҳиби рақами баҳисобгирй барои ҳар хатогй, норасой ё таҳрифи маълумоте, ки ба Системаи иттилоотии Феҳрасти ягонаи давлатй ворид кардааст, инчунин барои истифодаи нодурусти рақами баҳисобгирй ва рамзи худ ҷавобгарии пурра дорад.

      

Намунаи дархост

 

 

Илова кунед: