Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии сандҳои меъёрии ҳуқуқӣ сохтори воҳидии дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раёсат фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамали коргузорӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

Раёсат таҳти роҳбарии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ фаъолият менамояд.

Раёсат дар фаъолияти худ бо дигар воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо вобаста ба масъалаҳои ба ваколаташ дахлдошта ҳамкорӣ менамояд.

 

Вазифаҳо ва функсияҳои раёсат аз инҳо иборатанд

Раёсат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад.

Мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда, ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:

- гузаронидани санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бақайдгирии онҳо;

- пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мураттабсозӣ ва пешбурди нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- пешбурди махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- санҷиш ва назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта.

Ғаюрзода Шуҳратулло Кароматулло - сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Ғаюрзода Шуҳратулло Кароматулло – 17 марти соли 1972 дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Ду маълумот олӣ дорад. Соли 1994 факултаи банақшагирӣ- иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо дипломи аъло ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1994 оғоз намудааст. Аз соли 2000 дар вазифаҳои зерини дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст:

- солҳои 2000-2001 - мушовири раёсати бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав;

- солҳои 2001-2003 - мутахассиси пешбари раёсати бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав;

- солҳои 2003-2007 - сардори шуъбаи раёсати бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав;

-  солҳои 2007-2011 - сармутахассиси шуъбаи сабти давлатии уҳдадориҳои гаравӣ;

- солҳои 2011-2012 - сардори шуъбаи сабти давлатии уҳдадориҳои гаравӣ;

- солҳои 2012-2016 - мудири бахши бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравӣ.

Аз 1 июни соли 2016 бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъйин шудааст.

Ғаюрзода Шуҳратулло Кароматулло барои хизмати тулонӣ ва бенуќсон бо рутбаи дараҷавии «Мушовири адлияи дараҷаи 1», медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ва бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2021, №70 бо унвони «Корманди фахрии Маќомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

 ФАРМОИШ

 аз 5 июли соли 2022,                                 № 64

Дар бораи Дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва мошинӣ (электронӣ) гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ

 010.220.000

Мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006,  №359 «Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ» ва банди 19 Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №413 тасдиқ карда шудааст,

 ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

 Дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва мошинӣ (электронӣ) гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

  1. Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фармоиши мазкурро тибқи тартиби муқараргардида ба қайди давлатӣ гирад ва пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2009, №54 «Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва мошинӣ гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
  3. Назорат иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир- сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

Вазир                                                            Музаффар Ашуриён

Замима

ба фармоиши вазири адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 июли соли 2022

№64

 Дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва мошинӣ (электронӣ) гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ

  1. Дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва мошинӣ (электронӣ) гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ, тартиби аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва мошинӣ (электронӣ) гирифтани иттилооти ҳуқуқиро (минбаъд- иттилооти ҳуқуқӣ) муайян менамояд.
  2. Вазорати адлия аз мақомоти давлатӣ иттилооти ҳуқуқиро тибқи тартиб ва муҳлати муқарраргардида мегирад. Ба Вазорат иттилооти ҳуқуқӣ дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбининамуда пешниҳод карда мешавад.
  3. Тибқи талаботи моддаи 87 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мақомоти давлатӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро барои баҳисобгирӣ, ворид намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
  4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар банди 3 Дастурамали мазкур пешбинигардида, тибқи талаботи қисми 3 моддаи 87 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби мақоми (шахси мансабдори) онро қабул ё тасдиқнамуда ва қонунҳо пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар муҳлати на дертар аз 10 рўз пас аз қабул ё тасдиқ дар шакли нусхаҳои қабул ё тасдиқшуда ва дар шакли электронӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шаванд.
  5. Вазорат адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти ҳуқуқиро дар ҳомили коғазӣ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 3 Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 тасдиқ шудааст, мегирад.
  6. Иттилооти ҳуқуқӣ дар шакли электронӣ аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи электронии r.sanadho@adliya.tj ирсол карда мешавад.
  7. Иттилооти ҳуқуқӣ аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ тибқи талаботи «Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №195 тасдиқ шудааст, пешниҳод карда мешавад.
  8. Ҳисоби муҳлати пешниҳод намудани иттилооти ҳуқуқӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санае, ки дар нишонаҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун санаи қабул нишон дода шудааст, оғоз меёбад. Барои санадҳои умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳисоби муҳлат баъд аз гузаронидани бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.
  9. Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ бояд мутобиқи талаботҳои стандартҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, №330 «Дар бораи стандартҳои рақамгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар клавиатураи компютерии стандарти UNICODE барои истифодаи компютерӣ» тасдиқ карда шудааст, пешниҳод карда шавад.
  10. Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ ва ҳамаи замимаҳо ба он дар шакли Winword бо риояи талаботҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ҳуруфи 10 (Times New Roman);

- фосилаи байни сатрҳо 1,0;

- формати А - 4 бо ҳаҷми ҳошияи 2,5 см.

  1. Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд, бояд ба ҳамдигар мувофиқат намоянд. Санҷиши мутобиқатии матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳомилҳои коғазӣ бо матни электрони он тибқи талаботи бандҳои 8 ва 19 Тартиби таъсис ва пешбурди махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июни соли 2022, №53 тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
  2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷойгир карда мешаванд.
  3. Тартиби ҷойгиркунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2022, №53 тасдиқ шудааст, танзим менамояд.
  4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо вайрон намудани тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд, ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда намешаванд.

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 июли соли 2022, №1175  ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

 

Илова кунед: