Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Низомномаи китобхонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  1. Китобхонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, № 413 тасдиқ шудааст, таъсис ёфта, барои ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхона, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони вазорат ва таъминоти рушди илмию методии китобхона равона шудааст.
  2. Китобхона воҳиди иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии дорои фонди муташаккили ҳуҷҷатҳо буда, онҳоро барои истифодаи муваққатӣ ба ихтиёри истифодабарандагон гузошта, инчунин хизматрасониҳои дигари китобдориро ба анҷом мерасонад. Истифодабарӣ аз фонди китобхона танҳо ба кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
  3. Вазорат фаъолияти китобхонаро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
 2. ВАЗИФАИ КИТОБХОНА

 Вазифаҳои китобхона:

- таъмин намудани захираи фонди китобхона мувофиқи фаъолият ва самтҳои таълимию илмии вазорат, дар асоси талаботи нақшаҳои таълимӣ, илмӣ ва аъзои китобхона;

- тарбияи фарҳангӣ, иттилоотӣ, омӯзонидани малакаи истифода аз китоб ва китобхона;

- афзун намудани номгӯи хадамоти китобхона, баланд бардоштани сифати он;

- аз худ намудан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаи кори китобхона;

- андешидани чораҳои лозима барои муҷаҳҳаз гардонидани китобхона бо компютерҳо ва китобҳои электронӣ, пайваст намудани компютерҳои китобхона бо шабакаҳои интернет;

- хизматрасонии китобхона ба муштариёни худ дар китобхона ба воситаи қонеъ гардонидан бо дастрасии китоб;

- дарёфт намудани маълумотҳои зарурӣ ва истифодаи он аз китобҳо ба истифодабарандагони китоб;

- ташкил намудани феҳрист ва картатекаҳо;

- харидорӣ ва таъмин намудани адабиёти илмӣ, иттилоотӣ, бадеӣ, ҳуқуқӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо ва дигар адабиёт;

- ҷобаҷогузории китобҳо, баҳисобгирӣ ва ҳифзи онҳо нигоҳдошти китобҳо;

- андешидани чораҳои зарурӣ барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони вазорат;

- ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва соҳавӣ бо иштироки нависандагон, шоирон ва мутахассисони соҳа.

  1. Китобхонаи вазорат барои ҳифзи захираҳои адабиёти он пурра масъул аст.
 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КОРМАНДИ МАСЪУЛИ КИТОБХОНА

 6. Корманди масъули китобхона ҳуқуқ дорад:

- вазоратро  дар мақомоту ташкилотҳои гуногун намояндагӣ карда, дар кори конфронсҳои илмӣ, ҷаласа ва семинарҳо оид ба масоили китобдорӣ ва библиографию иттилоотӣ ширкат намояд;

- оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳо, пур кардани китобҳо таклифҳо пешниҳод намояд;

          - китобу маҷаллаҳоро бо дигар мақомоти давлатӣ барои ҳамкорӣ бо онҳо тибқи тартиби муқарраршуда қабул ва тақдим кунад;

- дигар ҳуқуқҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.

  1. Корманди масъули китобхона уҳдадор аст:

          - бо розигии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои истифодаи китобҳоро дар китобхона назорат намояд;

          - дар асоси қоидаҳои истифодаи китобҳо дар китобхона ҳаҷми ҷуброни зарари аз тарафи истифодабарандаи китоб расонидашударо муайян намояд;

          - ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти семоҳа, шашмоҳа нуҳмоҳа ва солонаи кори китобхона маълумоти дахлдорро ирсол намояд;

- фаъолияти коргузории худро барои афзун намудани номгӯи китобхона ба роҳ монад;

          -  барои рушди хизматрасонии китобдорӣ, муттаҳидии касбӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию тахассусӣ мусоидат кунад.

         

 

         

Илова кунед: