Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи "Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат"

19.11.2021

Нимаи дуюми рӯзи 19 ноябри соли 2021 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунанда дар доираи лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат», ки якҷо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «Ҳелвитас» амалӣ карда мешавад, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва филиали Ассотсиатсияи «Хелвитас» ширкат варзиданд.

Лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» ҷиҳати мусоидат барои ташаккули низоми адолати судӣ, ки тавассути он ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ёрии ройгони ҳуқуқии давлатӣ дар кишвар дастрасӣ дошта бошанд, бахусус қисми осебпазири аҳолӣ.

Илова кунед: