Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи "Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат"

09.10.2020

9 октябри соли 2020 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунанда дар доираи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат», ки якҷо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «Ҳелвитас» амалӣ карда мешавад баргузор гардид.

Лоиҳаи мазкур ҷиҳати мусоидат барои ташаккули низоми адолати судӣ, ки тавассути он ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ёрии ройгони ҳуқуқии давлатӣ дар кишвар дастрасӣ дошта бошанд, бахусус қисми осебпазири аҳолӣ дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ оид ба ёрии ройгони ҳуқуқии давлатӣ огоҳ буда, ба адолати судӣ дастрасӣ доранд.

Дастрасӣ ба адолат яке аз принсипҳои заминавии ҳуқуқи инсон мебошад, ки онро конвенсияҳо ва санадҳои сершумори байналмилалӣ, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор барои солҳои 2015-2030 эътироф кардаанд. Ин ҳуқуқ бо Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳо оид ба стратегия ва сиёсати миллӣ кафолат дода мешавад.

Дар чорабинӣ намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва филиали Ассотсиатсияи «Хелвитас» ширкат варзиданд.

Илова кунед: