Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи "Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон"

18.11.2021

Нимаи аввали рӯзи 19 ноябри соли 2021 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунанда дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ карда мешавад, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибха Мехта ва роҳбари кишварии Агентии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ширкат варзиданд.

Ҳадафи лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» мазкур ин дастгирии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тавассути баланд бардоштани низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва афзори ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯй тавассути автоматикунонии ин низом, равишҳои такмилёфта ба рушди иқтидор ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи аҳамият ва саривақтии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

Илова кунед: