Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи "Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон"

08.10.2020

8 октябри соли 2020 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунанда дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ карда мешавад, баргузор гардид.

Ҳадафи лоиҳа дастгирии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тавассути баланд бардоштани ҷавобгӯии низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва афзори ба талаботи аҳолӣ тавассути автоматикунонї, равишҳои такмилёфта ба рушди иқтидор ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи аҳамият ва саривақтии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ равона шудааст.

Барқарории шарикии стратегӣ бо дигар муассисаҳо, аз қабили Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ барои рушди низоми муттаҳид ва ягона муҳим аст.

Дар доираи лоиҳа, гузариши тадриҷӣ аз пур кардани дастӣ ба чопи электронии шаҳодатномаҳо дар шӯъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ, озмоиши бомуваффақияти рақамисозии бойгонӣ ва ворид кардани тағйирот ба қонунҳои дахлдор қайд карда мешавад.

Дар чорабинӣ намояндагони Барномаи рушди СММ ва Агентии Швейтсария оид ба рушд дарТоҷикистон ширкат варзиданд.

Илова кунед: