Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

08.12.2021

8 декабри соли 2021 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Фаъолияти Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 апрели соли 1997, №691, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997, №383 ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри 2019, №599 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

 

 

Шӯрои мутобиқсозию методӣ мақоми машваратии байниидоравӣ буда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори оммаро оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоҳанг менамояд.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1. Гузориши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон вобаста ба таҳлили ҳолати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

2. Гузориши муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, сабабу омилҳои содиршавии он ва пешниҳоди тавсияҳо;

3. Гузориши Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳлил ва натиҷагирии баргузории судҳои сайёр аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ ва таъсири он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз рӯи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ.

4. Тасдиқи нақшаи кори Шӯро барои соли 2022.

 

Доир ба масъалаҳои муҳокимагардида Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

 

Илова кунед: