Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

26.08.2020

25 августи соли 2020 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикстон баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Фаъолияти Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ  оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 апрели соли 1997, №691, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997, №383 ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри 2019, №599 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

 

Шӯрои мутобиқсозию методӣ мақоми машваратии байниидоравӣ буда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори оммаро оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоҳанг менамояд.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

  1. Тасдиқи Низомномаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Баромади аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ дар телевизион ва радио вобаста ба масъалаҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 бармеоянд;
  3. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ;
  4. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳои аҳолинишин вобаста ба моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

Доир ба масъалаҳои муҳокимагардида Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

 

 

 

Илова кунед: