Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрӣ - семинар барои гурӯҳи кории экспертӣ оид ба таҳияи курсҳои электронӣ

25.09.2021

25 сентябри соли 2021 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд аввалин ҷаласаи ифтитоҳии гурӯҳи кории коршиносон оид ба таҳияи курсҳои электрониро барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карданд

Ин вохӯрӣ ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ барои ҷорӣ намудани платформаи электронӣ / таълимии фардӣ дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ дар Тоҷикистон хизмат хоҳад кард, ки минбаъд ба воҳидҳои сохтории Вазорати адлия, бахусус низоми сабти асноди щолати шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки донишҳои худро дар соҳаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, инчунин дар масъалаҳои саводнокии рақамӣ новобаста аз вақт, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва чанд маротиба гузаштани маводҳои омӯзишӣ такмил диҳанд.

Илова кунед: