Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.12.2021

13 декабри соли 2021 мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён Қурбонмуҳаммад бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Джон Марк Поммершайм баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин шиносоӣ, муҳокимаи самтҳои ҳамкории мутақобила ва баррасии барномаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими муҳити ҳуқуқӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия амалӣ карда мешаванд, буд.

Дар рафти мулоқот Вазири адлия вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба маълумот дода, дар бораи самтҳои нави ҳамкорӣ ва ташаббусҳои дар самти фаъолияти мақомоти адлия пешбинигардидаро баён кард.

Сафири Фавкулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка иброз кард, ки пешниҳодҳо қобили қабул ҳастанд ва Сафорат онҳоро дастгирӣ менамояд.

Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардида, дар раванди амалинамоии ҳамкории мутақобила дар оянда такони ҷиддӣ мебахшад.

Илова кунед: