Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо роҳбарияти Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон

19.07.2020

17 июли соли 2020 мулоқоти муовинони вазири адлия бо муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон ҷаноби Крис Политис ва  роҳбари кластери идоракунии стратегӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсони БРСММ ҷаноби Алишер Каримов баргузор гардид.

Мавзӯи марказии мулоқоти мазкур тақвият додани ҳамкориҳои муштараки судманд дар иртибот бо татбиқи лоиҳаҳои “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” ва “Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва нақшабандии фаъолияти минбаъда ва чорабиниҳо, буданд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҷонибҳо майлу хоҳиши хешро ҷиҳати боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.

Илова кунед: