Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вазорати адлия – ниҳоди муҳими давлатӣ дар таъмини адолат ва волояти қонун

20.04.2022

 

Имрӯз ҳеҷ як давлатеро, ки худро ҳуҳуқбунёду дунявӣ эълон доштааст, бидуни амалишавии сиёсати давлатӣ дар низоми идоракунӣ тасаввур намудан имконнопазир аст. Зеро яке аз василаҳои боэътимоди эъмори давлати соҳибихтиёру демократӣ маҳз таъмин ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манофеи давлату ҷамъият, корхона, муассиса, ташкилот ва инчунин мустаљоб гардонидани адолати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Пойдории пояҳои давлатдорӣ, сохти давлативу ҷамъиятӣ, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, тамоми шаклҳои моликият ва умуман ҳама намуди фаъолият ба адолат ниёз дорад. Имрӯз дар аксар кишварҳои англосаксонӣ ва романо-олмонӣ адлия ҳаммаънои адолати судӣ мебошад. Мақомоти адлия дар тӯли таърих ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар таъмини адлу дод, ташаккули қонунгузорӣ ва дагар самтҳои афзалияток нақши арзишманд дорад.

Дар воқеъ яке аз мақоми муҳиме, ки дар имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рукнҳои марказии ҳокимияти давлатӣ истодагарӣ намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти адлияро ба пуррагӣ муайян менамояд Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб меёбад.

Дар низоми идоракунии давлатӣ нақш ва мақоми Вазорати адлияи ҶТ махсус таъкид гардида, баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи муайяни фаъолият, таъмини иљобати адолат, озодӣ ва баробарӣ ва инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро меандешад. 

Вазорати адлия ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи ҶТ, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва  дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20 апрели соли 2021, №1773) ва  банди 1-и Низомномаи худ (аз 30 сентябри соли 2021, №413) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии ҶТ маҳсуб ёфта, амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, таъмин менамояд.

Мутобиқи моддаи 3-и қонуни зикргардида, мақомоти адлия фаъолияти худро дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ мемонад:

1) волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

3) баробарии ҳама дар назди қонун;

4) инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;

5) шаффофияти хизмат дар мақомоти адлия, ба истиснои фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;

6) ягонагии низоми мақомоти адлия;

7) ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;

8) ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

9) касбият ва салоҳиятнокии кормандони мақомоти адлия;

10) ғайриҳизбият.

Бояд иброз дошт, ки дар мақомоти адлия таъсис додан ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ аст.

Самтҳои асосии фаъолияти маќомоти адлияро моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пуррагӣ муайян намудааст.

Вазорати адлияи ҶТ ваколатҳои худро ҳамчунин дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бақайдгирии давлатӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва апостилгузорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ, интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ ба иҷро мерасонад.

Ҳамин тариқ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми идоракунии давлатӣ, ҳамчун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нақши муассир дошта, вобаста ба салоҳияташ таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, татбиқи ваколатҳо, самтҳои фаъолият ва инчунин таъмини амалисозии сиёсати давлатиро дар дигар самтҳо ҳамаҷониба, пурра ва холисона ба роҳ мемонад.

  Шурои занон,

  Бунафша Маҳмадализода

 

Илова кунед: