Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тартиби барқарор кардани нусхаи дуюми (дубликати) аҳдҳои гражданӣ

13.06.2022

Моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шахсро ба моликият муқаррар карда, кафолатнокии онро дар доираи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд. Вобаста ба ин, ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ё маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

Бинобар ин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ин ҳуқуқи худро тибқи салоҳдиди худ ба амал бароранд, онро ихтиёрдорӣ намоянд, ё тақдири ҳуқуқии онро ба таври дигар ҳаллу фасл намоянд. Дар ҳамагуна маврид шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ наметавонанд ин ҳуқуқи худро тавре ба амал бароранд ва ё ихтиёрдорӣ намоянд, ки боиси маҳдуд ва ё поймол гардидани ҳуқуқҳои шахсони дигар гардад ва ё ба ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшаванда зарар расонад. Дар ҳолати акс шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд ҳуқуқ ва манфиатҳои халалдоршударо ба ҳамон тартибе мавриди ҳимоя қарор диҳанд, ки дар моддаҳои 11, 12 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

Ҷойи пӯшида нест, ки аҳдҳои гражданӣ дар қисми бештар нисбат ба молу мулки манқул, масалан, воситаи нақлиёти сабукрав, ва ё молу мулки ғайриманқул, масалан, хонаи истиқоматӣ содир карда мешаванд. Дар асоси талаботи қисми 1 моддаи 189 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагуна аҳдҳои гражданӣ, ки бо молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошанд ва тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур, намудҳои алоҳидаи аҳдҳои гражданӣ, ки бо молу мулки манқул алоқаманд мебошанд, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Ба қайди давлатӣ гирифта нашудани аҳдҳои гражданӣ, ки чунин бақайдгириро ба таври ҳатмӣ талаб мекунанд, боиси фаро расидани ҳамон оқибати ҳуқуқӣ мегарданд, ки дар моддаи 190 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. Яъне риоя карда нашудани шакли нотариалии аҳдҳои гражданӣ ва ё талаботи бақайдгирии давлатии аҳдҳо, боиси беэътибор дониста шудани онҳо мегарданд.

Аҳдҳои гражданӣ, ки бақайдгирии давлатиро талаб мекунанд ва барои ихтиёрдории молу мулк равона карда шудаанд, одатан дар намуди шартнома, масалан, шартномаи хариду фурӯш, ва ё созишнома, масалан, созишнома дар бораи ҳаққи дасткашӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Қисми 1 моддаи 232 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ҳуқуқи моликият ҳуқуқи қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект оид ба тибқи салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкаш мебошад. Дар ин манзар, муносибатҳои алоқаманд ба ҳуқуқи моликият муносибатҳои мутлақ маҳсуб ёфта, бо доираи вақти муайян маҳдуд карда намешаванд. Бинобар ин, як нусхаи аҳдҳои граждании алоқаманд ба бегона кардани моликият, ки дар идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳо тасдиқ карда шудаанд, бо тартиби моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», барои нигоҳдории дарозмуддат ба бойгониҳои нотариалии давлатии назди Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ супорида мешаванд.

Мақсади барои нигоҳдории дарозмуддат ба бойгониҳо супоридани як нусхаи аҳдҳои граждании алоқаманд ба бегона кардани моликият дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» муқаррар карда шудааст. Тибқи моддаи мазкур, мақсад аз нигоҳдории дарозмуддати як нусхаи аҳдҳои граждании алоқаманд ба бегона кардани моликият, қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, илмӣ ва эҳтиёҷоти дигари ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ба шумор меравад.

Нигоҳдории дарозмуддати аҳдҳои граждании алоқаманд ба бегона кардани моликият, имконият медиҳад, ки ҳангоми гум шудан ё бо таъсири омилҳои беруна корношоям гардидани нусхаи асли аҳдҳои гражданӣ оид ба бегона кардани моликият ки аз тарафи идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ супорида мешаванд, барқарор карда шаванд.

Барои барқарор кардани нусхаи дуюми (дубликати) аҳдҳои граждании алоқаманд ба бегона кардани моликият, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст, ки тибқи талаботи банди 34 Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ, дар бораи беэътибор дониста шудани нусхаи асли аҳди алоқаманд ба бегона кардани моликият, дар рӯзномаҳои даврӣ эълон дода, аз ин хусус идораи нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии моликиятро хабардор намоянд, то ки аз тарафи идораи нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии моликият дар асоси аҳди граждании гумшуда амалиёти нотариалӣ гузаронида нашавад.

Агар нусхаи аслии аҳди гражданӣ бинобар сабаби истифодаи дуру дароз, муносибати хунукназарона ё бо таъсири омилҳои дигар корношоям гардида бошад, дар ин маврид, нашр кардани эълон дар рӯзномаҳои даврӣ талаб карда намешавад. Зеро зимни корношоям гардидани нусхаи асли аҳди гражданӣ ва ё ҳолатҳои дигари ба ин монанд, нусхаи асли аҳди гражданӣ дар тасарруфи соҳибмулк қарор дошта, эҳтимолияти сохтакорӣ намудани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда (аҳдҳои гражданӣ) ва бо ин поймол карда шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи соҳибмулк ҷой надорад.

Моҳияти ба таври ҳатмӣ дар рӯзномаҳои даврӣ нашр кардани эълон ҳангоми гум кардани нусхаи асли аҳди гражданӣ дар он зоҳир мегардад, ки бо ин дар асоси сохтакорӣ тартиб додани ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда (шартнома, созишнома ва дигар аҳди гражданӣ), ки аз тарафи соҳибмулк гум карда шудааст, ва дар асоси пешниҳод кардани он анҷом додани амалиёти нотариалӣ, ки метавонад ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро поймол намояд, пешгирӣ карда шавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баъд аз нашр гардидани эълон дар бораи беэътибор донистани нусхаи асли аҳди граждании гумшуда, тариқи хаттӣ ба идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳо ё ба бойгониҳои нотариалии давлатии назди Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ, ки дар ҳудуди онҳо моликият қарор дорад, муроҷиат менамоянд.

Муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ шакли аризаро дошта, муроҷиати хаттии шахсони ҳуқуқӣ шакли мактубро дорад. Мактуб бояд дар бланки шаклаш муқарраршудаи шахсони ҳуқуқӣ нашр карда шавад. Муроҷиати хаттии шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбар имзо карда шуда, бо тартиби муқарраркардаи коргузорӣ сабт карда мешавад.

Ба муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешавад:

1) Нусхаи ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияти соҳибмулк;

2) Нусхаи аҳди граждании гумшуда;

3) Маълумотнома дар бораи таҳти ҳабс ё дигар маҳдудиятҳо қарор надоштани моликият, ки аз тарафи идораи нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии моликият дода мешавад;

4) Як нусха рӯзномаи даврӣ, ки дар он дар бораи беэътибор дониста шудани нусхаи асли аҳди гражданӣ эълон дода шудааст.

Агар барои барқарор кардани нусхаи дуюми (дубликати) аҳдҳои гражданӣ шахсони ҳуқуқӣ муроҷиат кунанд, дар ин маврид ба мактуби расмӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:

1) Нусхаи шаҳодатнома дар бораи ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахси ҳуқуқӣ;

2) Нусхаи иқтибос аз феҳрасти давлатии бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ;

3) Нусхаи шаҳодатномаи хизматии роҳбари шахси ҳуқуқӣ;

4) Нусхаи аҳди граждании гумшуда;

5) Маълумотнома дар бораи таҳти ҳабс ё дигар маҳдудиятҳо қарор надоштани моликият, ки аз тарафи идораи нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии моликият дода мешавад;

6) Як нусха рӯзномаи даврӣ, ки дар он дар бораи беэътибор дониста шудани нусхаи асли аҳди гражданӣ эълон дода шудааст.

Агар барои барқарор кардани нусхаи дуюми (дубликати) аҳдҳои граждании гумшуда намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат карда бошанд, онҳо вазифадоранд, ки илова ба ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, нусхаи ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияти худ ва ваколатномаеро, ки ба таври дахлдор ба расмият дароварда шуда, дар он ваколати намоянда барои барқарор кардани нусхаи дуюми (дубликати) аҳди граждании гумшуда нишон дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Ваколатномае, ки ба намояндаи шахси ҳуқуқӣ дода мешавад, бояд дар бланки шаклаш муқарраргардидаи шахси ҳуқуқӣ нашр карда шуда, аз тарафи роҳбари шахси ҳуқуқӣ имзо ва бо мӯҳр тасдиқ карда шавад. Дар ҳолати акс чунин ваколатнома эътибори ҳуқуқӣ надорад. Чунин ваколатнома инчунин мумкин аст ба таври нотариалӣ ба расмият дароварда шавад.

Мавриди қайд аст, ки тибқи талаботи банди 34 Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ, агар бо хоҳиши гирифтани нусхаи дуюм намояндаи шахси воқеӣ муроҷиат карда бошад, пас ӯ ғайр аз ваколатнома бояд ҳамчунин аризаи хаттии соҳибмулкро пешниҳод намояд. Имзо дар ин ариза бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шуда бошад.

Ёдовар шудан лозим аст, ки дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», нусхаи дуюми (дубликати) аҳдҳои гражданӣ, ки барои нигоҳдории дарозмуддат пешбинӣ карда нашудаанд, масалан, аризаи розигии ҳамсар барои бегона кардани хонаи истиқоматӣ, ваколатномаҳо, дода намешавад. Мутобиқи қисми 1 моддаи 211 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳлати амали чунин аҳдҳои гражданӣ аз се сол зиёд набуда, бо ба итмом расидани мӯҳлати мазкур несту нобуд карда мешаванд.

Агар муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо гирифтани нусхаи дуюми (дубликати) васиятнома алоқаманд бошад, дар ин ҳолат нусхаи дуюм танҳо баъд аз вафоти шахси васияткунанда, дар асоси пешниҳод кардани шаҳодатномаи вафот, ки аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё мақомоти ваколатдори дигар дода шудааст, пешниҳод карда мешавад. Барои гирифтани нусхаи дуюми (дубликати) васиятнома, шахсоне ҳуқуқи муроҷиат кардан доранд, ки онҳо дар васиятнома ба сифати ворис нишон дода шудаанд ё иҷрокунандаи васиятнома мебошанд. Ба шахсони дигар дода шудани нусхаи дуюми (дубликати) васиятнома иҷозат дода намешавад.

Нусхаи дуюми (дубликати) аҳдҳои граждании гумшуда ё корношоям гардида, дар давоми се сол аз рӯзи анҷом дода шудани амалиёти нотариалӣ, аз тарафи идораҳои нотариалии давлатии маҳалли ҷойгиршавии моликият дода мешавад. Баъд аз ба анҷом расидани мӯҳлати мазкур, нусхаи дуюми (дубликати) аҳдҳои граждании гумшуда ё корношоям гардида аз тарафи бойгониҳои нотариалии давлатии назди Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ дода мешавад.

 

 

Темиров В.Т.

нотариуси калони давлатӣ-бойгонидор

Илова кунед: