Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми шашуми миллӣ оид ба волоияти қонун

05.11.2020

Дар остонаи таҷлили 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе форуми шашуми миллӣ оид ба  волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Форуми миллӣ буда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламент, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими Душанбе, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Форуми миллӣ маротибаи шашум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Форуми шашуми миллӣ оид ба волоияти қонун ягона пойгоҳе мебошад, ки ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи Форуми миллӣ муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод ва инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади таъмин намудани волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳо вобаста ба ислоҳоти низоми судӣ, ҳадафи 16 Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид, дастрасии ёрии ҳуқуқии ройгон: дастовардҳо, мушкилот ва роҳи ҳалли он, пешбурди ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки Форуми шашуми миллӣ дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Форуми миллӣ минбари қуллайест, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд масъалаҳо ва мушкилоти муҳимро муҳокима карда, роҳҳои ҳалли онро якҷо ҷустуҷӯ намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки маҳз давлат дорандаи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон буда, мувофиқан дорои салоҳият ва ваколатҳои марбут аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд ба иҷрои функсияҳои мақомоти давлатӣ кўшиш намояд. Фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, ки ҳуқуқҳои инсонро таблиғ ва ҳимоя мекунанд, равона карда шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ёвари хуби давлат бошад, зеро он доимо бо мардум дар тамос буда, дар бораи мушкилоти маҳал маълумоти бештар дорад. Ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ислоҳотро то ҳадди имкон самараноктар гардонад.

Илова кунед: