Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020

Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.

 

Утоқҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда дар ошёнаи якуми бино барои кормандони Идораи нотариалии давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.

Толори бошукӯҳ ва замонавии ақди никоҳ, инчунин толори машварати ҳуқуқӣ низ дар ошёнаи якум ҷой дода шуда, бо ҳама гуна шароит таъмин мебошад. Дар толори машваратии ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд.

 

 

Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи дуюм шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ошёнаи дуюм ҳамчунин барои қабули дархосту муроҷиати шаҳрвандон равзанаи ягона таъсис дода шуда, дар он таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст. Дар китобхонаи Маркази адлия китобҳои бадеъӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ муҳим, таъмин мебошад.

Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст.

Дар вақти сохтмон 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба зебоии маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон ҳусни дигар зам менамояд.

 

 

Атрофи бино дар масоҳати беш аз 260 метри мураббаъ сафолакпӯш, 160 метри мураббаъ сабзазор ва зиёда аз 220 метри мураббаъ мумфарш карда шудааст.

Гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз ва дигар зебоиҳои атрофи иншоот дар таъмини фароғати сокинон, сайру гашт ва хотирмон баргузор намудани маросими оиладоршавии ҷавонон замина мегузорад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидани чунин бинои хуштарҳу замонавиро дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатӣ беҳтарин туҳфа барои кормандони соҳа ҳисобиданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки шароити фароҳамгардида дар иншооти мазкур аз кормандони соҳа дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон масъулияти баланди вазифавиро талаб мекунад.

 

 

 

Илова кунед: