Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 31 майи соли 2018

29.05.2018


Санаи 31 майи соли 2018 Ёрдамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои амнияти милли Шерали Хайруллоев дар якчояги бо Муовини вазир - Сардори Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон Шарифзода Иззатулло ба муассисахои ислохии нохияхои тобеъи чумхури ва нохияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф оварда, аз вазъи воќеъии хайати шахси ва махкумшудагон хабардор гардиданд.

Дар ваќти ташриф вохўри бо хайати шахси гузаронида, алохидаги бо якчанд махкумшудагон хамсўхбат шуданд. Хамчунин дар ин ваќт низ аз бинохои навсохташудаи мулоќотхои дарозмуддати муассисахои зикргардида, дидан намуда, аз шароити мухайёшудаи бинохои мазкур ќаноатманди карданд. Инчунин, дар муассисаи ислохии нохияи Ёвон буда, аз ду сехи истехсолии нав ба истифодадода, шинос шуда, чихати ичрои дастуру хидоятхои Президенти мамлакат, Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон чихати мухайё намудани шароити бехбудии нигохдории махкумшудагон ва мухайё намудани чойхои нави кори барои махкумшудагон дар муассисахои ислохи ва сохиби касбхои муайян намудани онхо тавсияхои судманд доданд.

Ташрифи Ёрдамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои амнияти милли Шерали Хайруллоев ба муассисахои ислохи бо маќсади ичрои дастуру супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон, дар мохи Шарифи рамазон оид ба хабардор гардидан аз шароити буду боши хайати махсус мебошад

 

 

 

Илова кунед: