Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ - асоси ташаккули давлати ҳуқуқбунёд

21.07.2022

         Дар ҷомеаи демократӣ манфиат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҷои аввалро ишғол менамоянд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуқ барои дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, истифода аз ҳуқуқи озодона сухан гуфтан ва муайян кардани муносибат ба дин ҳамчун асоси демократикунонии ҳаёти ҷомеаро кафолат додааст.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон - давлати дунявӣ ба ҳисоб рафта, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

         Яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонун тақвият кардани муносибатҳои сохторҳои он бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми сабти давлатӣ мебошад. Давлат аз тақвият додани ташкилотҳои ҷамъиятӣ манфиатдор аст, зеро он яке аз нишонаҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамкории давлат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ танзими муайянро тақозо мекунад.

         Бо ин мақсад 12 декабри соли 1990 маротибаи аввал дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

         Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қисми ҷудоинопазир ва муҳими ҷомеаи демократии Тоҷикистон мебошанд. Сабабҳои пайдоиши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон вусъатёбии равандҳои демократӣ дар ҷомеаи мо мебошад.

         Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 90-уми асри ХХ низ вуҷуд доштанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ё чи тавре ки онҳоро ташкилотҳои ғайридавлатӣ меноманд, барои амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саҳмгузор буда, дар амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар метавонад корҳои заруриро анҷом диҳанд. Таҷрибаи ҷомеи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки такондиҳандаи таъсиси ташкилотҳои ғайридавлатӣ равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие мебошанд, ки дар ҷомеа ба амал меоянд.

         Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо мақсади рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа соли 1991 мувофиқи фармони дахлдори вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ шуъбаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ташкил карда шуд.

         Баъд аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар таҳрири нав (соли 1998) шуъбаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1998, №392 ба раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ табдил дода шуд, ки он аз ду шуъба иборат буд: шуъбаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ва шуъбаи назорат ба фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ.

         Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шавад, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

         Меъёрҳои номбурдаи Конститутсия дар қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон инкишоф ёфта, дар таҷриба хуб амалӣ карда мешавад. Ҷиҳати амалишавии меъёрҳои зикршудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул шуданд.

         Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоии ҷумҳурӣ мавқеи муайян доранд. Аз ин лиҳоз, ба масъалаи таҳким бахшидани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хоса дода мешавад.

         Бо назардошти ин 1 декабри соли 1999, №2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» ба имзо расид.

         Фармони мазкур бо мақсади демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, мустаҳкам намудани ягонагии миллӣ ва ризоият дар ҷамъият, амалисозии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрванд, таъмини плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ натиҷаи самаранок бахшид.

         Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва Низомномаи худ бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба амал мебарорад.

         Яке аз вазифаҳое, ки мувофиқи салоҳияти худ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад, ин ба қайди давлатӣ гирифтани ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, филиал ва намояндагиҳои ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз қайди баҳисобгирӣ гузаронидани филиалу намояндагиҳои ташкилотҳои (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ) давлатҳои хориҷӣ мебошад. Дар баробари ин, Вазорат фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба риоя намудани ҳуҷҷатҳои таъсисиашон назорат менамояд ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро тибқи талаботи қонун мавриди санҷиш қарор медиҳад. Дар сурати аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ содир карда шудани амалиётҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои муайянкардаи оиннома берунанд ва ё аз тарафи онҳо вайрон карда шудани талаботи қонун, онҳоро тариқи хаттӣ огоҳ мекунад, дар бораи боз доштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё барҳам додани он ба суд пешниҳод манзур менамояд.

         Вазорат аризаҳоро дар бораи ба қайд гирифтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои таъсисии воридгаштаро баррасӣ намуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо мувофиқ будани онҳоро муайян менамояд.

         Дар сурати ба қонун мувофиқат доштан, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Дар мавриди ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ҳизби сиёсӣ рад карда мешавад, ё ки ариза дида баромада намешавад. Дар сурати норозӣ будан ба радияи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро доранд.

         Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиеро, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият мекунанд, ба қайди давлатӣ мегирад.

         Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ аз тарафи раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба амал бароварда мешаванд.

         Баъди дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12 майи соли 2007 айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2400 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият доранд.

         Ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи гурӯҳи муайяни шаҳрвандон бо мақсади амалисозӣ ва ноил шудан ба барномаҳои сиёсии худ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

         Санади танзимкунандаи тартиби таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мебошад.

         Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсии ҷомеа иштирок менамоянд.

         Айни ҳол дар Тоҷикистон расман ҳафт ҳизби сиёсӣ: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон амал мекунанд.

Илова кунед: