Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи корӣ дар доираи Барномаи ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ, Ҷануб ва Осиёи Марказӣ

05.02.2021

5 феврали соли 2021 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба фаъолияти вазорат дар доираи Барномаи ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ, Ҷануб ва Осиёи Марказӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Вазорат, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Чашма» ва «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», волонтёрони иттиҳодияҳои ҷамъиятии зикргардида иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласаи корӣ ҳисоботи мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Чашма» ва «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» вобаста ба фаъолияти якҷояи онҳо ҷиҳати ройгон омода намудан ва супоридани шаҳодатномаи таваллуд ба кӯдакон дар соли 2020 пешниҳод гардида, мушкилот дар ин самт ва чорабиниҳои дар соли 2021 банақшагирифташуда баррасӣ карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ, Ҷануб ва Осиёи Марказӣ дар соли 2020 барои 4681 кӯдак шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд омода ва тақдим карда шуд. Аз ин шумора ба 2743 кӯдак шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд ройгон омода ва супорида шуда, ба 1938 кӯдак дар омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва роҳнамоӣ ҷиҳати пешниҳоди онҳо ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумак расонида шуд.

Дар баробари ин аз ҷониби бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ба 2248 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд шаҳодатномаҳои таваллуд омода карда шуда, ройгон ба онҳо супорида шуд.

 

Илова кунед: