Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми 2021

12.07.2021

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП-1729, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2021, таҳти № 26/10-318 тасдиқ шудааст, санаи 12 июни соли 2021 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

 

Варақаи иттилоотӣ

дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021

 

Дар нимсолаи якуми соли 2021 фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он пеш аз ҳама ба ҳалу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардид.

Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 27 887 (соли 2020 – 14 348) мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 539 мавод зиёд аст.

Вазорати адлияи дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 1944 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1759 ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

Ҳамаи маводи воридшуда мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор дода шуданд.

Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсия ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 4 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла 1 лоиҳаи қонуни том) 7 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар маҷмӯъ 11 лоиҳа дар нимсолаи якуми соли 2021) таҳия намуд.

Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳамагӣ 761 (соли 2020 – 793) мавод ворид шудааст, ки аз онҳо 409 (соли 2020 - 517) санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ, 112 (соли 2020 - 88) санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 51 (соли 2020-28) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 58 (соли 2020-66) супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 38 (соли 2020-29) мавод барои иҷро ва 93 (соли 2020-65) мавод барои маълумот мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 409 (соли 2020-517) санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 34 (соли 2020-38) қонуни конститутсионӣ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 (соли 2020-40) фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 276 (соли 2020-400) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 44 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ ворид гаштанд, ки ба аксари онҳо мутобиқи таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳбандӣ ва ба онҳо варақаҳои баҳисобгирӣ тартиб дода шуда, ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ ва Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (дар шакли коғазӣ ва электронӣ) дохил карда шуданд.

Аз 112 (соли 2020-88) санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 40 (соли 2020-60) санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 66 (соли 2020-26) санад бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан рад карда шуд ва 6 санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор доранд.

Аз шумораи зикршуда дар 52 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуда, дар 54 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид, 6 санад дар баррасӣ қарор дорад.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз тарафи кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо 5902 кори тарғиботию ташвиқотӣ анҷом дода шуд, аз ҷумла 4 383 вохӯрию суҳбат, 1189 баромаду суҳбат тавассути телевизион ва радио гузаронида шуда, 330 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расид.

Дар самти додани мақоми адвокатӣ ва бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 дар асоси моддаҳои 18 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳри Душанбе 9 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, дар вилояти Суғд 6 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз соли 2015 то инҷониб дар ҷумҳурӣ 247 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, 18 коллегияи адвокатӣ ташкил карда шуда, 2 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд. Дар онҳо 807 адвокат фаъолият мекунанд.

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 - 294 188 (соли 2020 – 192 384) амалиёти нотариалӣ гузарониданд.

Барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 35 623 809,84 (соли 2020 – 28 443 853,32) сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 179 956,52 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 225 (соли 2020 - 203) ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид. Аз ин шумора дар ҷумҳурӣ 80 (соли 2020 – 80) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 16 (соли 2020 - 13) филиал ва намояндагии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирии давлатиро гузашт.

Вазорат дар ин давра 54 (соли 2020 - 51) аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намуд.

Ҳамчунин 53 (соли 2020 - 48) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 6 (соли 2020 – 3) филиали иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» барҳам дода шуда, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ гардиданд.

Шумораи ташкилотҳои ҷамъиятии фаъолиятдошта 2510 - торо ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат 1365 (соли 2020 -1439) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани ҷойи воқеъ гардидани мақомоти доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 - 1207 (соли 2020 – 784) ташкилоти ҷамъиятӣ вобаста ба қабул намудани грантҳо ва кумакҳо аз созмонҳои давлатҳои хориҷӣ ба вазорат огоҳинома пешниҳод намуданд.

 

 Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 215 613 (соли 2020 – 202 806) санад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 807 - то зиёд мебошад. Аз ҷумла:

- сабти таваллуд – 104 737 (соли 2020 – 101 141);

- сабти таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар – 22 871 (соли 2020 – 17271);

- сабти вафот – 17 267 (соли 2020 – 18 777);

- сабти аз муҳлати як сол гузаштаи вафот - 633 (соли 2020 – 460);

- сабти ақди никоҳ – 32 489 (соли 2020 – 29 955);

- сабти бекоркунии ақди никоҳ – 6476 (соли 2020 – 5486);

- сабти муқаррар кардани падарӣ – 18 704 (соли 2020 – 15 214);

- сабти фарзандхондӣ - 633 (соли 2020 – 596);

- сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар – 11 803 (соли 2020 - 13 906).

Аз фаъолияти кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 6 445 132 (соли 2020 - 4 738 086) сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 707 046 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар самти бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравии молу мулки манқул 635 (соли 2020 – 475) огоҳиномаи гарави молу мулки манқул аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва омодагии касбии мутахассисони Вазорати адлия ва сохторҳои он, инчунин хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 4 курси такмили ихтисос, 2 семинар –машварат, 34 вохӯрӣ ва баромад амалӣ карда шуд.

Дар самти санҷиши судӣ ва криминалистӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 барои гузаронидани экспертизаҳои судӣ - криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 3 763 мавод ворид шудааст.

Ба 3509 мавод хулосаҳои дахлдор ба дархосткунандагон дода шуда, ба 150 маводи барои гузаронидани экспертиза воридгардида хабарномаҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо ирсол карда шуд. Алҳол 104 мавод дар истеҳсолоти экспертизаи судӣ қарор дорад.

Аз тарафи муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар маҷмӯъ дар 34 шаҳру ноҳия 34 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳуқуқшиносони давлатии ҳуқуқӣ, ки моделҳои №1.1, №1.2 ва №2 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро таҷриба мекунанд, ба 5094 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа расониданд, ки аз ин шумора 3230 зан, 1 864 мард ва 192 маъюб мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ёрдамчиёни ҷамъиятии муассиса ба 2898 шаҳрванд иттилооти ҳуқуқӣ расонида, ба мақомоти дахлдор равона карданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса (колл-сентр) 133 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 115 мард, 18 зан ва 23 ноболиғро ташкил медиҳад.

Ба шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 - 88 (соли 2020 - 31) аризаи шахсони воқеӣ ҷиҳати таъйиди 144 ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат 1250 (соли 2020 - 442) ариза барои гузоштани апостил пешниҳод гардид, ки аз онҳо ба 2010 ҳуҷҷат (соли 2020 - 972) апостил дода шуд.

Дар самти баландбардории тайёрии касбии довталабон ва ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон дар нимсолаи якуми соли 2021 - 62 корманд ба мансаби хизмати давлатӣ ва ғайри хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои тобеи он 32 хизматчии давлатии маъмурӣ бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 41 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз мансаб озод карда шуданд.

Барои вайрон кардани интизоми меҳнат ва ба таври лозима иҷро накардани уҳдадориҳои хизматӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба 4 хизматчии давлатии маъмурӣ ҷазои интизомӣ дар намуди танбеҳ ва сарзаниш эълон карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 17 хизматчии давлатӣ барои баланд бардоштани савия ва малакаи дониш ба курсҳои кӯтоҳмудат ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат 1913 (соли 2020 - 1097) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки ба ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавобҳои дахлдор дода шуд.

Ҳамзамон тавассути хатти телефонии ройгони 30 - 40 назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 323 (соли 2020 – 381) нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

Айни ҳол вазорат дар амалисозии барномаҳои зерин пайваста фаъолият дорад:

  1. 1. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ карда шудааст.
  2. Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 425 тасдиқ шудааст.
  3. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст.

Илова кунед: