Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020

13.07.2020

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП-1729, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2020, таҳти № 26/10-218 тасдиқ шудааст, санаи 13 июли соли 2020 дар бинои АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

 

Варақаи иттилоотӣ

дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020

 

Дар нимсолаи якуми соли 2020 фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он пеш аз ҳама ба ҳалу фасли масъалањои ҳуқуқӣ равона гардид.

Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 14 348 (соли 2019 – 17 992) мавод вобаста ба масъалањои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 644 мавод кам аст.

Вазорати адлияи дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 1 651 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1 218 ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ  хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

Ҳамаи маводи воридшуда мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор дода шуданд.

Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсия ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 12 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла 2 лоиҳаи қонуни том), 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро (дар маҷмӯъ 14 лоиҳа дар нимсолаи якуми соли 2020) таҳия намуд.

Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳамагӣ 793 (соли 2019 – 766) мавод ворид шудааст, ки аз онҳо 517 (соли 2019-465) санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ, 88 (соли 2019- 76) санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 28 (соли 2019-91) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 66 (соли 2019-30) супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 (соли 2019-22) мавод барои иҷро ва 65 (соли 2019-82) мавод барои маълумот мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 517 (соли 2019-465) санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 38 (соли 2019-52) қонуни конститутсионӣ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 40 (соли 2019-48) фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 400 (соли 2019-336) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 39 (соли 2019-29) қарори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ ворид гаштанд, ки ба аксари онҳо мутобиқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳбандӣ ва ба онҳо варақаҳои баҳисобгирӣ тартиб дода шуда, ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ ва Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (дар шакли коғазӣ ва электронӣ) дохил карда шуданд.

Аз 88 (соли 2020-76) санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 60 (соли 2019-39) санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 26 (соли 2019-29) санад бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан рад карда шуд ва 2 (соли 2019-8) санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор доранд.

Аз шумораи зикршуда дар 25 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуда, дар 61 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид, 1 санад дар баррасӣ қарор дорад.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз тарафи кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо 5 760 кори тарғиботию ташвиқотӣ анҷом дода шуд, аз ҷумла 4 332 вохӯрию суҳбат, 1 229 баромаду суҳбат тавассути телевизион ва радио гузаронида шуда, 199 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расид.

Дар самти додани мақоми адвокатӣ ва бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 дар асоси моддаҳои 18 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳри Душанбе 6 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, дар вилояти Суғд 1 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд.

Аз соли 2015 то инҷониб дар ҷумҳурӣ 220 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, 18 коллегияи адвокатӣ ташкил карда шуда, 2 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд. Дар онҳо 790 адвокат фаъолият мекунанд.

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 - 192 384 (соли 2019 – 265 710) амалиёти нотариалӣ гузарониданд. 

Барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 28 443 853,32 (соли 2019 – 27 776 037,21) сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 667 816,11 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 203 (соли 2019 -248) ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид. Аз ин шумора дар ҷумҳурӣ 80 (соли 2019 – 85) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 13 (соли 2019-22) филиал ва намояндагии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирӣ ва 1 ҳизби сиёсӣ расмиёти азнавбақайдгирии давлатиро гузашт.

Вазорат дар ин давра 51 (соли 2019-40) аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намуд.

Ҳамчунин 48 (соли 2019-77) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 3 (соли 2019–5) филиали иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» барҳам дода шуда, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ гардиданд.

Дар ин муддат фаъолияти оинномавии 32 (соли 2019-51) иттиҳодияи ҷамъиятӣ санҷида шуд. Аз натиҷаи санҷиш ба мақоми роҳбарикунандаи 35 (соли 2019–332) иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои вайрон намудани фаъолияти оинномавӣ дар самти бартараф намудани қонуншиканиҳои ҷойдошта тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳии хаттӣ дода шуд.

Айни замон дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 2 аризаи даъвогии Вазорат вобаста ба барҳам додани фаъолияти шуъбаи «Оперейшн Мерcӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба боздоштани фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» мавриди баррасӣ қарор доранд.

Шумораи ташкилотҳои ҷамъиятии фаъолиятдошта 2 517-торо ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат - 1 439 (соли 2019 - 1 648) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани ҷойи воқеъ гардидани мақомоти доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 - 784 (соли 2019 – 631) ташкилоти ҷамъиятӣ вобаста ба қабул намудани грантҳо ва кумакҳо аз созмонҳои давлатҳои хориҷӣ ба Вазорат огоҳинома пешниҳод намуданд.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 202 806 (соли 2019 – 230 232) санад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 426-то кам мебошад. Аз ҷумла:

- сабти таваллуд – 101 141 (соли 2019 – 106 415);

- сабти таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар – 17 271 (соли 2019 – 25 084);

- сабти вафот – 18 777 (соли 2019 – 16 929);

- сабти аз муҳлати як сол гузаштаи вафот - 460 (соли 2019 – 622);

- сабти ақди никоҳ – 29 955 (соли 2019 – 33 265);

- сабти бекоркунии ақди никоҳ - 5 486 (соли 2019 – 6 065);

- сабти муқаррар кардани падарӣ – 15 214 (соли 2019 – 18 251);

- сабти фарзандхондӣ - 596 (соли 2019 – 616);

- сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар - 13 906 (соли 2019 - 22 985).

Аз фаъолияти кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 4 738 086 (соли 2019 – 6 026 644) сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 288 558 сомонӣ кам мебошад.

Дар самти бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравии молу мулки манқул 475 (соли 2019 – 8) огоҳиномаи гарави молу мулки манқул аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин фаъолият 1 461,6 (соли 2019 - 22) сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.

Дар ин давра дар Донишкадаи Вазорат барои баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва омодагии касбии мутахассисони Вазорати адлия ва сохторҳои он, инчунин хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 2 курси такмили ихтисос, 8 семинар – машварат, 66 вохӯрӣ ва баромад амалӣ карда шуд.

Дар самти санҷиши судӣ ва криминалистӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 барои гузаронидани экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - 3262 мавод ворид шудааст.

Ба 3081 мавод хулосаҳои дахлдор ба дархосткунандагон дода шуда, ба 76 маводи барои гузаронидани экспертиза воридгардида хабарномаҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо ирсол карда шуд. Алҳол 105 мавод дар истеҳсолоти экспертизаи судӣ қарор дорад.

Аз тарафи муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар маҷмӯъ дар 34 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 37 бюро таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 39 ҳуқуқшинос фаъолият доранд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ, ки моделҳои №1.1, №1.2 ва №2 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро таҷриба мекунанд, ба 3 916 шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа расониданд, ки аз ин миқдор 2 264 зан, 1 651 мард ва 146 маъюб мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони бюрои давлатии ҳуқуқӣ 52 ҷаласаи сайёр дар мавзӯи муносибатҳои оилавӣ, ҳуқуқ ба мерос, пешгирии зӯроварӣ дар оила гузаронида шуданд. Дар ҷаласаҳои сайёри номбурда 1 231 шаҳрванд иштирок кард.

Дар ҳамин давра машваратчиёни ҳуқуқии муассиса ба 538 шаҳрванд иттилооти ҳуқуқӣ расониданд ё ба идораю мақомоти дахлдор равона сохтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маркази ҳамоҳангсозии муассиса (колл-сентр) 898 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 892 мард, 46 зан ва 121 ноболиғро ташкил медиҳад.

Ба шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 - 31 (соли 2019-29) аризаи шахсони воқеӣ ҷиҳати таъйиди 64 ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат - 442 (соли 2019 - 580) ариза барои гузоштани апостил пешниҳод гардид, ки аз онҳо ба 972 ҳуҷҷат (соли 2019 - 1174) апостил дода шуд.

Аз аризаҳои баррасигардида 48 269,15 сомонӣ хироҷ ва 31 116,21 сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шуд.

Дар самти баландбардории тайёрии касбии довталабон ва ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон дар нимсолаи якуми соли 2020 - 15 корманд ба мансаби хизмати давлатӣ ва ғайри хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз дастгоҳи марказии Вазорат ва сохторҳои тобеи он 19 хизматчии давлатии маъмурӣ бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 41 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз мансаб озод карда шуданд.

Барои вайрон кардани интизоми меҳнат ва ба таври лозима иҷро накардани уҳдадориҳои хизматӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба 4 хизматчии давлатии маъмурӣ ҷазои интизомӣ дар намуди танбеҳ ва сарзаниш эълон карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4 хизматчии давлатӣ барои баланд бардоштани савия ва малакаи дониш ба курсҳои кӯтоҳмуддат, аз он ҷумла 3 нафар ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ равон карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат - 2 733 (соли 2019 - 2 629) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки ба ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавобҳои дахлдор дода шуд.

Ҳамзамон тавассути хатти телефонии ройгони “3040” назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 381 (соли 2019 – 403) нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

Айни ҳол Вазорат дар амалисозии барномаҳои зерин пайваста фаъолият дорад:

  1. Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №101 тасдиқ шудааст.
  2. 2. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, таҳти №599 тасдиқ карда шудааст.
  3. Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, таҳти № 425 тасдиқ шудааст.
  4. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст.

Илова кунед: