Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019

08.02.2020

 

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи соли 2020 тасдиқ шудааст, санаи 7 феврали соли 2020 дар бинои АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Варақаи иттилоотӣ

дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

 

Дар соли 2019 фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он пеш аз ҳама ба ҳалу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардид.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 3 908 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 3 400 ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дошта, хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

Аз 137 санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида, 72 санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 50-тои он бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштанашон рад карда шуданд ва 15 санадҳои боқимонда дар баррасӣ қарор доранд.

Ҷиҳати мутобиқкардан ба талаботи Конститутсия, амалӣ сохтани нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022 ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофот ва норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 38 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла 6 лоиҳаи қонуни мукамал), 3 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар маҷмӯъ 49 лоиҳаҳо дар соли 2019) таҳия гардид.

Дар соли 2019 кормандони Вазорат ва сохторҳои зертобеи он дар ташкилоту корхона ва муассисаҳо 14 405 (соли 2018 – 13 189) корҳои тарғиботию ташвиқотиро гузарониданд, аз ҷумла 11 525 (соли 2018 – 10 386) вохӯрию сӯҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо, 2 360 (соли 2018 – 2 230) баромаду суҳбатҳо дар воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, инчунин 520 (соли 2018–573) мақолаҳоро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расониданд.

 Дар соли 2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” 8 ҷаласаи Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, 94 аризаҳои довталабон барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Аз ин шумора 73 (дар маҷмӯъ 844) нафар довталаб мақоми адвокатиро соҳиб гардида, ба 21 (дар маҷмӯъ 226) нафар довталаб бинобар насупоридани имтиҳони тестӣ додани мақоми адвокатӣ рад карда шуд.

 Дар давраи ҳисоботӣ мақоми адвокатии 22 (аз авал 54) нафар тибқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” қать карда шуд.

 Дар соли 2019 дар Вазорати адлия, раёсатҳои адлияи ВМКБ ва вилоятҳо бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 7 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, 1 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд. Дар вилояти Суғд 8 кабинети адвокатӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуд.

 Айни замон дар ҷумҳурӣ 214 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва 18 коллегияи адвокатӣ ташкил карда шуда, дар онҳо 790 адвокат фаъолият мекунанд.

 Идораҳои нотариалии давлатӣ дар соли 2019 547 657 (соли 2018 – 558 548) амалиёти нотариалӣ гузарониданд.

 Барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 60 325 713,98 (соли 2018 – 57 368 879,70) сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 956 834,28 сомонӣ зиёд мебошад.

 Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соли 2019 ба мақомоти адлия 531 (соли 2018 - 464) ариза оид ба бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид. Аз ин шумора, дар ҷумҳурӣ 186 (соли 2018 - 182) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 51 (соли 2018 - 39) филиал ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шуданд.

 Вазорат 95 (соли 2018 - 85) аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро рад намуд.

 Ҳамчунин, дар ин давра 167 (соли 2018 - 145) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 11 (соли 2018 – 6) филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд.

 Дар ин муддат, фаъолияти оинномавии 147 (2018 - 64) иттиҳодияи ҷамъиятӣ санҷида шуд.

 Ба 371 (2018 - 51) ташкилотҳои ҷамъиятӣ огоҳии хаттӣ барои ислоҳи камбудиҳо дода шуд.

 Бо қарори суд дар асоси аризаи даъвогии вазорат фаъолияти 3 (соли 2018 - 11) ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам дода шуд. Аз ҷумла ташкилоти ҷамъиятии “Ёрии ҳуқуқӣ”, ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангии Украина” ва ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳангиву маърифатии суғд”.

Дар соли 2019 шумораи ташкилотҳои ҷамъиятии фаъолиятдошта 2 500 - торо ташкил медиҳад.

 Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат 1 692 (соли 2018 - 1 818) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани суроғаи мақомоти доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 1 964 (соли 2018–1 718) ташкилоти ҷамъиятӣ вобаста ба қабул намудани грантҳо ва кумакҳо аз созмонҳои давлатҳои хориҷӣ ба вазорат огоҳинома пешниҳод намуданд.

 Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли 2019 495 912 (соли 2018 – 498 667) санад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 755-то кам мебошад.

 Аз он ҷумла:

 - сабти таваллуд – 233 323 (соли 2018 – 231 272)

 - барқарор намудани таваллуд – 57 433 (соли 2018 – 63 669)

 - сабти вафот – 33 050 (соли 2018 – 32 274)

 - барқарор намудани вафот – 1 164 (соли 2018 – 1 056)

 - сабти никоҳ – 79 070 (соли 2018 – 82 556)

 - сабти бекоркунии никоҳ - 12 482 (соли 2018 – 11 013)

 - сабти муқаррар кардани падар – 37 554 (соли 2018 – 37 000)

 - фарзандхонӣ – 1 276 (соли 2018 – 1 132)

 - иваз намудани насаб, ном ва номи падар – 40 560 (соли 2018 – 38 695).

 Аз фаъолияти кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 11 836 589 (соли 2018 – 10 137 073) сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 699 516 сомонӣ зиёд мебошад.

 

  Дар самти бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои гаравии молу мулки манқул 610 (соли 2018 - 39) огоҳиномаи гаравӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз ин фаъолият 3 077,25 (соли 2018- 1072) сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шудааст.

 Дар ин давра дар Донишкадаи вазорат 6 курси баландбардории савияи донишҳои ҳуқуқӣ, 23 курси кӯтоҳмуддати дохилӣ, 9 курси сайёри такмили ихтисос, 17 семинар–машварат, 171 вохурӣ ва баромадҳо амалӣ карда шуданд.

 Дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия дар давраи ҳисоботӣ барои гузаронидани экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 6 679 далелҳои шайъӣ ва 52 930 объект аз ташхис гузаронида шудааст.

 Аз тарафи муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар маҷмӯъ дар 25 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 31 бюро таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 29 ҳуқуқшинос фаъолият доранд.

 Дар соли 2019 ба Колл-сентри муассиса 1 588 занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст.

 Ба шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ дар соли 2019 барои гузоштани таъиди ҳуҷҷатҳо (легализатсия) ҳамагӣ 113 (соли 2018-154) ариза пешниҳод гардид.

 Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат 1 394 (соли 2018 – 1 282) ариза барои гузоштани апостил пешниҳод гардид, ки аз онҳо 2 806 (соли 2018 - 2 546) апостил дода шуд.

 Аз аризаҳои баррасигардида 127 982, 02 (соли 2018 – 98 738, 41) сомонӣ хироҷ ва 81 316, 52 (соли 2018 – 64 367,29) сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шуд.

 Дар давраи ҳисоботӣ дар вазорат ва сохторҳои зертобеи он 10 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 46 нафар довталабон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.

Дар соли 2019 ба вазорат 2 912 (соли 2018 – 2 868) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонун баррасӣ шуда, ба муллифон ҷавобҳои дахлдор дода шуданд.

 Ҳамзамон тавассути хатти телефонии ройгони 30 - 40 назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 667 (соли 2018 – 1 138) нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

 Айни ҳол вазорат дар амалисозии барномаҳои зерин пайваста фаъолият дорад:

  1. “Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №101 тасдиқ шудааст.
  2. 2. “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, таҳти №599 тасдиқ карда шудааст.
  3. “Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, таҳти № 425 тасдиқ шудааст.
  4. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028", ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 " тасдиқ шудааст.

Илова кунед: