Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.11.2021

Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, роҳбарони зерсохторҳои Вазорат ва кормандон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Маҷлисро Вазири адлия Музаффар Ашуриён оғоз карда, ҳамагонро бо ин ҷашни сиёсӣ табрику таҳният намуданд. Зикр карда шуд, ки шуруъ аз соли 2016 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» муайян карда шуда, соли 6-ум аст халқи Тоҷикистон ин рӯзро бо самимияти хосса ба таври тантанавӣ ҷашн мегиранд.

Мансаби президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан, лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияту масъулияти он мустаҳкам гардидааст.

Аз ҷумла моддаи 67 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шуруи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба фаъолият шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатдории тоҷикон - шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ оғоз ёфт.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз дар он ифода меёбад, ки Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои фаъолият шуруъ намудааст.

Яъне санаи мазкур рамзӣ буда, на бо таъсиси мансаби президент ва ё муқарраркунии шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки бо амалишавии воқеии ниҳоди мазкур рабт дорад. Боиси ифтихор ва пеш аз хама хушбахтист, ки он замон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, на танҳо давлату миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд, балки саҳифаи нави рушди давлатдории тоҷиконро боз карданд.

Дар ин асно, бо арзи эҳтирому эътироф ва арҷгузорӣ ба фазилати сиёсатмадориву давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо, дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардид.

Халқи Тоҷикистон «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент ва садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ кадамҳои фарохтар гузорем, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он кӯшишу талошҳо намоем. Зеро дар ин шакли идоракунии давлатӣ кафолати нигоҳдории арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҷой дорад.

Дар фарҷоми сухан бояд хотирнишон намоям, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтироми мардум ва арҷгузорӣ нисбат ба Президент ва хизматҳои ӯ мебошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин восита аз сарвари худ ифтихор менамоянд. Ҳамаи ин дар маҷмуъ боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии ҳар як сокини кишвар гардида, масъулиятро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда баланд мебардорад.

Илова кунед: