Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2020

16 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат баргузор гардид.

Нахуст вазири адлия Музаффар Ашуриён тамоми кормандонро бо ин ҷашни сиёсии давлатӣ ки метавонад ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати мардумро нисбати Президент бештар гардонад, табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору фаъолият ва рӯзгор комёбиву осудаҳолӣ орзу намуд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки Рӯзи президент дар давлатҳои гуногун ба таври гуногун таҷлил гардида, дар ин рӯз одатан таърихи президентҳои давлат ёдоварӣ мешавад. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин рӯз дар мактабҳо таърихи президентҳои кишвар дарс дода мешавад. Вале барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ид маъною мартабаи дигар дорад. Барои мо институти президентӣ ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, эҳёи миллат, ваҳдати миллӣ ва робитаи бевосита бо фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтироми мардум ва арҷгузорӣ нисбат ба Президент ва хизматҳои ў мебошад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин восита аз сарвари худ ифтихор менамоянд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”. Аз ҳамон рӯз мо ботадриҷ роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифтем.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ интихоб гардида, тамоми рукнҳои давлатдорӣ ва механизми давлатӣ бо дар назар доштани ҳамин принсип бунёд шудааст. Барои ҳамин дар Тоҷикистон мансаби президентӣ мансаби марказӣ буда, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Тамоми сиёсати дохиливу хориҷӣ аз Президент вобаста мебошад.

16 ноябри соли 1994 маросими савгандёдкунӣ ва ба мансаб шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ин сана басо рамзӣ буда, ҳам бо ташаккули институти президентӣ ва ҳам ба фаъолият шурӯъ намудани Пешвои миллат ҳамчун Президенти кишвар рабт дорад.

Бинобар ин, 14 майи соли 2016 ба номгӯи рӯзҳои иди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид ворид гардида, ҳамасола он 16 ноябр таҷлил мегардад.

Дар охир вазири адлия аз номи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми кишвари азизамон ва кормандони мақомоти адлияро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки сокинони кишвар фазои орому пур аз меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар тамоми сохторҳои зертобеи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иди мазкур бо иштироки ҳамаи кормандон таҷлил гардида, дар маҷлис дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Илова кунед: