Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пойтахти мамлакат ба «Шаҳри сабз» табдил дода мешавад

14.01.2021

Имрӯз, дар доираи иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон бо ташаббуси Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҳамоҳанги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳҳои автомобилгарди назди Фурудгоҳи байналмиллалии «Душанбе», ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинониданд.

Ниҳоли дарахтони ороишӣ бо назардошти талабот интихоб ва дар асоси тавсияи мутахассисон шинонида шуданд. Дар маҷмуъ кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 250 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз шинониданд.

Бояд зикр кард, ки дар доираи иқдоми ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур 41 ҳазор дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.

 

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист, чун шаҳри сабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шудааст.

Дар воқеъ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пойтахти мамлакат бо шинондани дарахтони сояафкану ороишӣ, ки бештари онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд, ба шаҳри зебо табдил ёфта, боғу кӯчаҳои пойтахтро зебу зиннат бахшидаанд.

Тадбири мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани иқдомҳои созандаву ободкоронаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ гардонида шуд.

 

 

Вусъат бахшидани тадбирҳои ниҳолшинонӣ барои назаррабо гардонидани атрофи биноҳо ва беҳтар намудани фазои экологӣ замина мегузоранд. Олимони соҳа муайян кардаанд, ки ҳарчӣ бештар шинонидани дарахтони сояафкани ороишию ҳамешасабз аз ҷиҳати экологӣ ба муҳити атроф манфиати зиёд дорад.

Маҳз тозагии муҳити атроф аз сарсабзии табиат вобастагӣ дорад.

Масъулони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар оянда низ ҷиҳати аҳлона саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе иқдомҳои сабзкориро идома дода, дар корҳои ободонию ниҳолшинонӣ саҳми худро мегузоранд.

 

Илова кунед: