Эълон вобаста ба ҳисоботҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки тибқи муқаррароти моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳанд.
Инчунин, тибқи моддаи зикршуда ҳар сол то 1-уми апрел ба мақомоти бақайдгиранда дар бораи идомаи фаъолияти худ маълумот, ки шакли он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, пешниҳод намоянд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ уҳдадоранд шакли пуркардашуда ва муҳркардашудаи намунаи ҳисоботи молиявиро дар формати PDF ба суроғаи электронии h.moliyavi@adliya.tj ирсол намоянд ва шакли ҳисобот дар бораи идомаи фаъолияти худро ба Вазорат то 1-уми апрел супоранд.