Эълон вобаста ба ҳисоботҳои молиявии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Ҷиҳати иҷрои муқаррароти моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» гурӯҳи корӣ иборат аз масъулини Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ (Маркази байналмилаии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ, ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ТҶ «Маркази технологияҳои коммуникатсионӣ», ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ТҶ «Хома», ТҶ «ТШСИ» ва ТҶ «Имкониятҳои баробар») намунаи шакли ҳисоботи молиявиро коркард намуданд.
Дар иртибот бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иттиҳодияи ҷамъиятӣ вазифадор аст, ки ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳад.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд шакли пуркардашуда ва муҳркардашудаи намунаи ҳисоботи молиявиро дар формати PDF ба суроғаи электронии h.moliyavi@adliya.tj ҷиҳати ҷойгир кардани он дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 227 55 89 ва 221 84 96.