Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020

01.02.2021

 

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП-1729, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 январи соли 2021, таҳти № 26/10-21 тасдиқ шудааст, санаи 1 феврали соли 2021 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 баргузор гардид.

 

Варақаи иттилоотӣ

дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

 

 Дар соли 2020 фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он пеш аз ҳама ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқӣ равона гардид.

 Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 33 431 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид.

 Вазорати адлия дар самти фаъолияти ҳуқуқэъҷодкунӣ ба 1092 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 1053 ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

 Ҳамаи маводи воридшуда мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор дода шуданд.

 Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 16 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла 3 лоиҳаи қонуни том), 4 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро (дар маҷмӯъ 20 лоиҳа дар соли 2020) таҳия намуд.  

 Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соли 2020 ҳамагӣ 1637 (соли 2019 – 1328) мавод ворид шудааст, ки аз онҳо 1025 (соли 2019 - 860) санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ, 170 (соли 2019- 137) санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 62 (соли 2019 - 109) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 123 (соли 2019 - 47) супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 99 (соли 2019-88) санад барои иҷро ва 158 (соли 2019-87) санад барои маълумот мебошад.

 Дар давраи ҳисоботӣ 1025 (соли 2019-860) санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 97 (соли 2019-97) қонуни конститутсионӣ ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 165 (соли 2019-80) фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 701 (соли 2019-631) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 (соли 2019-3) қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 (соли 2019-49) Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ ворид гаштанд.

Аз 170 (соли 2019-137) санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 104 (соли 2019-72) санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 54 (соли 2019-50) санад бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштанашон рад карда шуд ва 12 (соли 2019-15) санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор доранд.

Аз шумораи зикршуда дар 43 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардида, дар 104 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид, 11 санад дар баррасӣ қарор дорад.

Дар соли 2020 аз тарафи кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо 11868 кори тарғиботию ташвиқотӣ анҷом дода шуд, аз ҷумла 8857 вохӯрию суҳбат, 2502 баромаду суҳбат тавассути телевизион ва радио гузаронида шуда, 509 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расид.

Дар самти додани мақоми адвокатӣ ва бақайдгирии шаклҳои  адвокатӣ дар соли 2020 дар асоси моддаҳои 18 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳри Душанбе 8 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, дар вилояти Суғд 1 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд.

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар соли 2020 410 000 (соли 2019 – 547657) амалиёти нотариалӣ гузарониданд. 

Барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 62 979 804,23 (соли 2019 – 60 325 713,98) сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 654 090,25 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 457 (соли 2019 -531) ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид.

Вазорат дар ин давра 111 (соли 2019-95) аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намуд.

Ҳамчунин 103 (соли 2019-167) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 16 (соли 2019–11) филиали намояндагӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» барҳам дода шуда, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ гардиданд.

Дар ин муддат фаъолияти оинномавии 75 (соли 2019-147) иттиҳодияи ҷамъиятӣ санҷида шуд.

 Дар ин давра ба вазорат 1 505 (соли 2019 –   1 692) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 7 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуданд.

 Дар соли 2020 ба вазорат 2204 (соли 2019–1964) огоҳиномаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вобаста ба қабул кардани грантҳо ва кумак аз  давлатҳои хориҷӣ ворид гардид.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 465 010 (соли 2019 – 495 912) санад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 902-то кам мебошад. Аз ҷумла:

      - сабти таваллуд – 239 946 (соли 2019 – 233 323);

      - таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар – 48 719 (соли 2019 – 57 433);

      - сабти вафот – 41 693 (соли 2019 – 33 050);

      - аз муҳлати як сол гузаштаи вафот - 974 (соли 2019 – 1164);  

      - сабти ақди никоҳ – 67 104 (соли 2019 – 79 070);

      - сабти бекоркунии ақди никоҳ - 10 536 (соли 2019 – 12 482);

      - сабти муқаррар кардани падар – 35 118 (соли 2019 – 37 554);

      - фарзандхондӣ- 1117 (соли 2019 – 1276);

      - иваз намудани насаб, ном ва номи падар – 19 803 (соли 2019 – 40560).

         Аз фаъолияти кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 8 311 316 (соли 2019 – 11 836 589) сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2019 3 525 273 сомонӣ кам мебошад.

Дар соли 2020 1411 огоҳиномаи гарави молу мулки манқул аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба қайд гирифта шуд.

Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 3 курси такмили ихтисос бо ҷалби кормандони сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ,  як курс бо ҷалби коршиносони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ, як курс бо ҷалби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, як курс бо ҷалби нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатӣ, як курс бо ҷалби  кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлия ва як курс бо ҷалби ҳуқуқшиносони корхона, муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар маҷмӯъ ба 131 нафар шаҳодатнома ва гувоҳномаи хатми курси такмили ихтисос дода шуд.  Ҳамчунин 227 вохӯриву суҳбат ва баромад ба роҳ монда шуд.       

 Дар соли 2020 барои гузаронидани экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 7098 мавод ворид шудааст.

Ҳуқуқшиносони давлатии муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар давраи ҳисоботӣ ба 9 ҳазору 96 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешкаш намуданд. Аз ин шумора 3 570 мард ва 5 526 занро ташкил дод, ки дар навбати худ 330 нафар шахсони маъюб мебошанд. Дар маҷмӯъ дар 34 шаҳру ноҳия 37 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд.

Аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ 52 ҷаласаи сайёр гузаронида шуданд. Дар ҷаласаҳои сайёри номбурда 1 ҳазору 231 шаҳрванд иштирок карданд.  Аз ин шумора 605 нафар зан, 626 нафар мард ва 16 нафар маъюбро ташкил медиҳанд.

Ба маркази ҳамоҳангсозии  муассиса  (колл-сентр) занги телефонӣ оид ба дархости адвокат барои иштирок кардан дар парвандаҳои  ҷиноятӣ 1203 ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 1068 мард,  135 зан  ва дар маҷмӯъ 180 нафар ноболиғро ташкил медиҳад.

Ба шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 1155 ариза ворид гардида, ба 2197 ҳуҷҷат апостил гузошта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби вазир ва муовинони ӯ 120 (дар соли 2019 - 58) шаҳрванд қабул карда шудаанд. Аз онҳо 3 муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба ҳамкорӣ бо вазорат, 20 муроҷиати шаҳрвандон оид ба низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, 8 муроҷиати шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 7 муроҷиат оид ба масъалаҳои адвокатӣ, 14 муроҷиат нисбати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, 12 муроҷиат оид ба масъалаи нотариалӣ, 1 муроҷиат оид ба дастрас намудани маълумотномаҳои бойгонӣ, 10 муроҷиат оид ба бо кор таъмин намудан, 2 муроҷиат оид ба таъмин намудани кумаки молиявӣ, 1 муроҷиат оид ба экспертизаи судӣ ва 42 муроҷиат ба дигар вазорату идораҳо тааллуқ дорад.

Ҳамзамон тавассути хатти телефонии ройгони 30 - 40 назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 909 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

Айни ҳол вазорат дар амалисозии барномаҳои давлатӣ, стратегия, консепсияҳои зерин пайваста фаъолият дорад:

  1. 1. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ карда шудааст.
  2. Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 425 тасдиқ шудааст.
  3. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст.

 

 

Илова кунед: