Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалӣ

03.11.2021

4 ноябри соли 2021 гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 (даври дуюм) дар иҷлосияи 39-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар шакли маҷозӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар иҷлосияи мазкур иштирок намуд.

Зимни баррасии гузориш аз ҷониби давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон саволҳо оид ба дастовардҳо ва ислоҳот дар самти баробарии гендерӣ, пешгирии шиканҷа, озодии воситаи ахбори омма, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳсилот, озодии эътиқод ва дигар масъалаҳо дода шуд.

Аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мазкур ҷавобҳои дахлдор дода шуда, вобаста ба пешрафту навгониҳо ва ислоҳоте, ки зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, маълумоти муфассал манзур гардид. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки новобаста аз таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа, пайомадҳои манфии бемории сироятии COVID-19 Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувор ва суръати баланди афзоиши иқтисодиро тайи солҳои охир таъмин намуд. Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувориинишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти  беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошташуданд. Аз соли 2016 то соли 2019 афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна 7% солона ва дар нимсолаи якуми  соли 2021 афзоишимаҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,7%-ро ташкил дод. Даромади пулии аҳолӣ 2,1 маротиба, музди меҳнати номиналӣ 1,5 маротиба зиёд гардид.  

Вобаста ба нақш ва аҳамияти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 "Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", инчунин дигар тадбирҳои андешидашуда вобаста ба дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID-19 маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин тадбирҳо вобаста ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии кишвар ба давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардид.

Аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд, ки кишвари мо уҳдадориҳои байналмилалии худро бовиҷдонона иҷро карда, мунтазам дар ин самт тадбирҳои муассир ва амалӣ андешида истодааст.

Ёдовар мешавем, ки Шарҳи универсалии даврӣ яке аз василаҳои муосири натиҷагирии вазъи эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ба шумор рафта, нисбати ҳамаи 193 давлати аъзои СММ татбиқ мегардад. Расмиёти номбурда 15 марти соли 2006 дар асоси Қатъномаи  Ассамблеяи генералии СММ бо баробари таъсис ёфтани Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ташкил шуда, ҳар як кишвар дар доираи он оид ба вазъи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон дар чору ним сол як маротиба гузориш пешниҳод менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст гузориши миллии худро соли 2011 аз рӯи расмиёти мазкур ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон манзур намуда буд. Гузориши сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият баррасӣ гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Илова кунед: