Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нақши мақомоти адлия дар пойдории Ваҳдати миллӣ

27.06.2022

 

Ваҳдат вожаест, ки аз рӯи маънию оҳанг шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам барбар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расида наметавонист. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди рушд расонидааст.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва рушд додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост.

Пас аз истиқлол кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари ҷиддӣ расонид. Дар солҳои навадуми асри XX халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид, ки дар натиҷааш чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд. Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад. Аммо дар Тоҷикистони оғуштаи хуну оташи ҷанг касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад. Инак, моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.[1]

Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омада, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Бо вуҷуди ин, мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 зимни нахустсавганди ёднамудааш гуфта буд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…”[2] Ва ба қавли худ устувор монданд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Музокироти байни тоҷикон, ки ҳайати Ҳукуматро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷикро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид роҳбарӣ менамуданд, 16 январи соли 1994 баргузор гардид.[3]

Сарвари давлат борҳо бо муроҷиатномаҳои худ барои ба Ватан баргаштани ҳамватанони гурезаву муҳоҷир таъкид намуда буд: “Бародар аз паи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард”.

Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав оғоз гардида буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Баъдан ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи тоҷик дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад мулоқот гузаронданд. Ҷустуҷӯи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу амонӣ барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Табиист, ки дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» анҷом пазируфт. Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро таи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд.

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳимми сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Бо ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила неруҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлол бузургтарин дастовардҳои миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мақоми дуюм ва сеюмдараҷа доранд.

Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

27 июни соли 1997 - баъди 8 даври гуфтушуниди (солҳои 1994-1997) байни тоҷикон (ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар шаҳри Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодияи мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 - 27 июни соли 1997) зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.[4]

27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.[5]

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд.

27 июн - тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили неруманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад.

Тақозои замон он аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

Имрӯз аз файзу баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қави ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф ва мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Имрӯзҳо 25 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, таҷлил мегардад. Албатта, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.

Мардуми шарафи Тоҷикистон равшан дарк намудааст, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараққикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Дар низоми давлатдории замони муосир мақоме, ки таъмини сиёсати ҳуқуқии давлатро амалӣ мегардонад, мақомоти адлия арзёбӣ мегардад.

Мақомоти адлияи тоҷик ҳам дар ин давраи таърихӣ роҳи дуру дарозеро тай намуда, барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст ва дар баробари он мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст.

Нақш ва мавқеи хосаи Вазорати адлия баъд аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт ва махсусан дар солҳои нооромии ҷумҳурӣ ин мақомот сарфи назар аз ҳама мушкилиҳову кӯшишҳо тавонист адолати комилро нигоҳ дошта, алайҳи ҳама кӯшишҳои муғризона истодагарӣ намояд.

Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, дар ин муддати таърихӣ роҳу пайраҳаи пурпечутоби ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро тай намуда, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ дод ва ин анъана то ба имрӯз идома ёфта истодааст.

Фаъолияти мақомоти адлия маҳз баъд аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» 27 июни соли 1997 ҳаматарафа инкишоф ёфта, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт. Қабул шудани ин рӯйдоди муҳими таърихӣ барои пешравӣ ва самаранокии фаъолияти мақомоти адлия нақши назаррас гузошт. Бори аввал дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии кишвар зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсиониро ба миён омад. Таҳия ва қабули кодексҳои гражданӣ, меҳнат, манзил, ҷиноятӣ, андоз, гумрук, инчунин гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ дар низоми идоракунии давлатӣ дар ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, қабули консепсияву барномаҳои давлатӣ, эътирофи санадҳои байналмилалӣ, ки поясутуни соҳаҳои ҳуқуқи марбута мебошанд, дар мазмуну муҳтавиёти хеш тамоми андешаҳои ҳуқуқи муосирро, ки онҳо аз умқи таърихи афкори мутараққии башар илҳом мегиранд, инъикос намудаанд. Дар таҳия ва қабули ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати адлия саҳми бевосита дорад.

Хусусияти хоси Вазорати адлия дар он зоҳир мегардад, ки вай дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки пешбурди фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ҳадди ниҳоии доираи фаъолияти Вазорати адлия набуда, он вазифаҳои таъмини ҳуқуқии фаъолияти меъёрэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайди давлатӣ гирифтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро ба амал мебарорад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тартиб даровардани қонунгузории Тоҷикистон дастурҳо дода, ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ёрии амалии худро мерасонад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва алалхусус баъд аз ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ва орому осоишта гаштани вазъи кишвар доираи фаъолият ва салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, он ба яке аз мақомоти давлатии калидӣ дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст. Маҳз Ваҳдати миллӣ саҳифаҳои навро дар фаъолияти низоми адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд. Тағйироти куллии таърихӣ боиси тавлид ёфтани санадҳои нави қонунгузорие гаштанд, ки то ин дам онҳо ба вуҷуд наомада буданд.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо уҳдадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Итминони комил дорем, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи амалигардонии нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд.

Аз фурсати басо муносиб истифода бурда, кулли мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, орзумандем, ки ин ҷашнҳои таърихӣ роҳи давлату миллати моро ба сӯи ояндаи обод ва орому осуда ҳамеша равшану пок нигоҳ доранд ва иттиҳоди ҷомеаи моро безаволу ҷовидон гардонанд. Бигзор истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандӯст меҳру якдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазириро ҳамеша нигоҳ дорад!

 

[1] Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих". Душанбе, 1997.С. 15.

[2] Ниг.: Асламов Б.С. Маҳмадов С.Т. "Саҳми Э.Ш. Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсӣ дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ. Осори илми Академияи ВКД ҶТ. Душанбе, 2002. 49-53.

[3] Ниг.: Асламов Б.С. Маҳмадов С.Т. "Саҳми Э.Ш. Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсӣ дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ". Осори илми Академияи ВКД ҶТ. Душанбе, 2002. 49-53.

 

[4] Ниг.: Асламов Б.С.Маҳмадов С.Т. Саҳми Э.Ш. Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсӣ дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ". Осори илми Академияи ВКД ҶТ. Душанбе, 2002. 49-53. Семененко О.Ю. "Политически конфликты и механизмы разрешения (опыт Таджикистана)" Автореферат диссертации на соискания ученой степени кандидат политических наук. Душанбе, 2002. - 20 с.

[5] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011, №753.

Илова кунед: