Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нақшаи ҳамкориҳо (чорабиниҳо) байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.09.2020

21 сентябри соли 2020 Нақшаи ҳамкориҳо (чорабиниҳо) байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021 ба имзо расонида шуд. Нақшаи мазкур аз мулоқоти вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккави Хогалӣ, ки 27 июли соли 2020 баргузор шуда буд, сарчашма гирифта, дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои мутақобила дар солҳои 2020-2021 муайян карда шудаанд.

Таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи адлияи ноболиғон, тарғибу ташвиқи масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак, ташкил ва баргузор кардани давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Вазорати адлия дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои кӯдак ва адлияи ноболиғон» ва расонидани кумаки машваратӣ, техникӣ ва молиявӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин бояд зикр кард, ки нақшаи мазкур ба самаранок иҷро гардидани тавсияҳое, ки аз ҷониби Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адлияи ноболиғон пешниҳод гардидаанд, метавонад мусоидат кунад.

Илова кунед: