Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоту вохӯриҳо дар ноҳияи Хуросон

18.12.2020
БО САРФАКОРОНАИ ИСТИФОДА БУРДАН АЗ НЕРӮИ БАРҚ ВА ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ХИЗМАТИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАР САҲМ МЕГУЗОРЕМ - таҳти ин шиор дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, деҳаи Меҳнатобод ва деҳаи Ҳақиқат миёни сокинон бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Музаффар Ашуриён, раиси ноҳияи Хуросон, муҳтарам Аҳмадзода Илҳом ва дигар масъулини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд.
 
 
 
Дар мулоқоту вохӯриҳо оид ба муроҷиатномаи ширкати “Барқи Тоҷик”, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, равнақ бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкори бахшида ба сазовор истиқбол намудани чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ ва шарҳ дода шуд.
 
 
Дар охир ба ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассиса ва кормандони шабакаҳои барқи ноҳия дастуру супориш дода шуд, ки тамоми он вазифаҳое, ки ба души онҳо гузошта шудааст, аз дилу ҷон амалӣ карда, ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд.
 
 
Инчунин зикр карда шуд, ки ҳама роҳбарону аъзоёни гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия миёни сокинони деҳаю маҳаллаҳо ва кормандони шабакаҳои барқи ноҳия дар якҷояги ҳамарӯза кӯшиш намоем, ки миёни сокинон ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 ва ширкати “Барқи Тоҷик” аз 9 декабри соли 2020 ба кулли сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди нерӯи барқ, пардохти қарзи истифодаи нерӯи барқ, тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими замистонӣ дар пешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативии сӯзишворӣ, аз ҷумла, ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ва кам кардани талафоти нерӯи барқ корҳои таблиғотиву ташвиқотиро бо тариқи фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон доир гардонида, дар ин замина ба ҳадафҳои назарас ноил гардем.

Илова кунед: