Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Машварати корӣ дар ноҳияи Хуросон

17.12.2020

17 декабри соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз машварати корӣ, ки 15 декабри соли ҷорӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар доир гардонида буд, ҷаласаи васеъ бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Музаффар Ашуриён гузаронида шуд, ки дар кори он Раиси ноҳияи Хуросон, муҳтарам Аҳмадзода Илҳом, муовин, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

 

Дар ҷаласаи мазкур вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Музаффар Ашуриён суханронӣ карда, роҷеъ ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист ба масъулин ва иштирокчиён супоришҳои мушаххасу маслиҳатҳои муфид доданд.

Илова кунед: