Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маркази матбуоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад:

19.05.2019


19-уми майи соли 2019, соати 20:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 30 нафар маҳбуси хатарнок, ки бо ҷурми алоқамандӣ бо ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, адои ҷазо менамоянд, бо корд ва дигар ашёи тезу бурранда мусаллаҳ гардида, 3 нафар нозирони муассисаро гаравгон гирифта, ба қатл расониданд ва мехостанд фирор намоянд. Онҳо шарт гузоштанд, ки аз маҳбас озод карда шаванд. Дар рафти гуфтушунид, байни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.

Маҳбусони ошӯбгар ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъ намудани бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намуда, боз чанд нафари онҳоро захмдор карданд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чорахои катъи дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Айни замон, вазъият дар муассисаи мазкур муътадил буда, пурра таҳти назорат гирифта шудааст.

Аз тарафи мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи қазия идома  дорад. Натиҷаи он иловатан хабар дода мешавад.

Илова кунед: