Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мафҳум, моҳият ва ворисони мерос

19.05.2022

 

Ҳар як инсон ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар намуди фаъолияти хоҷагидорӣ дар натиҷа соҳибмулки ин ё он моликият мегардад. Баъд аз гузаштани вақти муайян масъалаи гузаштани моликият ба кӣ ва бо кадом тартиб пайдо мешавад. Ин масъала бо зиёд шудани раванди муҳоҷират, бастани никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва васеъ шудани доираи фаъолияти соҳибкорӣ боз ҳам мураккабтар гардида, дар натиҷа моликият ва ҳуқуқи моликиятии шахсони алоҳида дар хориҷи кишвар ҷойгир шуда, зери таъсири низоми ҳуқуқии давлатҳои гуногун қарор мегиранд.  Ҳуқуқи моликият аз ҷумлаи ҳуқуқҳои бунёдии ҳар шахс мебошад. Ҳуқуқи моликияти шахс дар сурате мукаммал мегардад, ки имконияти меросгузории он мавҷуд бошад. Беҳуда нест, ки моддаи 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба моликият ва ҳуқуқ ба мерос доштани ҳар шахсро муқаррар намудааст. Имрӯз дар амалияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои қабул, тартиби ба расмият даровардан ва ҳифзи ҳуқуқҳои меросӣ мубрам гардида, дар таҷрибаи судӣ ба таври гуногун ҳал гардида истодааст.

Муносибатҳои вобаста ба мерос одатан мураккаб буда, баррасии парвандаҳои гражданӣ вобаста ба масоили мерос дар судҳо муддати зиёдеро талаб менамояд. Баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани фасли 6 (Ҳуқуқ ба мерос) қисми 3 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2005 ба таври куллӣ бисёр муқаррароти Кодекси граждании ҶШС Тоҷикистон (таҳрири соли 1963) тағйир дода шуда, камбудиҳо дар қонунгузорӣ бартараф гардида, баъзе аз меъёрҳои он возеҳ карда шуданд.

Чунин тағйирот барои сари вақт ва дуруст ҳал намудани парвандаҳои судӣ мусоидат мекунанд, аммо дар як вақт чунин категорияҳои парвандаҳо мураккаб гардидаанд, чунки фасли зикргардида ба падидаҳои гуногун ҳуқуқи мерос навигариҳои зиёде ворид намуд. Аз ҷумла, якчанд шаклҳои нави васиятнома ба вуҷуд омад, ба монанди васиятномаи махфӣ, васиятнома бо иштироки ҳатмии шоҳидон. Аммо дар доираи ворисон мутобиқи қонун қариб ягон тағйирот ворид нашуд. Дар ин қисм дар қонунгузории дигар давлатҳо, аз ҷумла Россия, тағйироти куллӣ ворид карда шуда, навбати ворисон аз се ба ҳашт расонида шудааст, ки ин навигарӣ барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ шаҳрвандон равона карда шудааст. Ҳангоми пайдо шудани баҳсҳо байни ворисон вобаста ба молу мулки меросӣ, инчунин дар ҳолати аз тарафи нотариус рад намудани иҷрои ин ё он амал ё имконнопазирии тасдиқи ҳолатҳои ҳуқуқӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳуқуқҳои меросӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби суд ҳимоя карда мешавад.

Дар банди 3 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2009 № 29 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба татбиқи қонунгузории ҳуқуқ ба мерос» тавзеҳ дода шудааст, ки судҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки доираи ворисон, тартиби мӯҳлати қабули мерос ва ҳайати молу мулки меросиро қонунгузории дар лаҳзаи кушодани мерос амалкунанда муайян мекунад. Агар мероси кушодашуда аз ҷониби яке аз ворисон қабул нагардида бошад ва аз рӯи ҳуқуқи меросгирӣ он то 5 марти соли 2005 ба фоидаи давлат нагузашта бошад, нисбати он меъёрҳои қисми 3 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 5 марти соли 2005 мавриди амал қарор дода шудааст, татбиқ мегардад. Масъалаҳои вобаста ба меросро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ба танзим медароранд.

Меросгирӣ ин ворисии универсалии ҳуқуқ ба меросро ифода мекунад, зеро молу мулки шахси фавтида ба ворисон дар шакли маҷмӯи мукаммал ва дар ҳамон як лаҳза мегузарад, агар аз қонун тартиби дигаре барнаояд (масалан, ба меросгирии арзиши ҳиссаи шахси вафоткарда дар моликияти умумӣ ҳангоми ғайриимкон будани тақсими молу мулк дар шакли асл, ҳуқуқи меросгузор оид ба васият намудани молу мулки ба ӯ дахлдошта).

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастании ҳуқуқии байни ворисӣ ва категорияи асосии ҳуқуқӣ чун қобилияти ҳуқуқдории шахсони воқеиро муқаррар кардааст. Як ҳолати ҳуқуқӣ, яъне марг боиси пайдо шудани ду оқибати ҳуқуқӣ мешавад: аввал, қатъ гардидани қобилияти ҳуқуқдории шахсони воқеӣ; дуввум, оғози ворисӣ. Дар қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароте мавҷуд аст, ки тибқи он қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуд ба миён омада, пас аз вафоташ қатъ мегардад (қисми 2 моддаи 18 КГ ҶТ). Дар қисми сеюми КГ ҶТ муқаррароте мавҷуд мебошад, ки тибқи он молу мулки шахси вафотёфта ба тариқи мерос ба дигар шахс мегузарад (қисми 1 мод.1138 КГ ҶТ).

Ҳар ду қоидаи мазкури Кодекси гражданӣ хусусияти қатъӣ (императивӣ) дорад, яъне марг тибқи қонун ҳатман қобилияти ҳуқуқдориро қатъ мегардонад, дар навбати худ бошад, тибқи қонун молу мулки фавтида ба дигар шахс мегузарад.

Муносибатҳои ворисӣ ба он соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ шомиланд, ки ба танзимдарории ҳуқуқии он бештар тавассути меъёрҳои дохилӣ, миллӣ-ҳуқуқӣ таъмин карда мешаванд. Дар моддаи 1138 Кодекси гражданӣ, ки «Ворисии ҳуқуқ ба мерос» ном дорад, мафҳуми меросгузорӣ шарҳ дода шудааст. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ворисӣ ин гузариши ҳуқуқи амволӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба дигар шахс ё ашхос (ворисон) гузаштани ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии ба молумулк вобастаи шахси фавтида (меросгузор) тибқи шартҳои ворисии ҳуқуқии универсалӣ эътироф мегардад».

Моддаи 1139 анҷом додани асосҳои ворисӣ ё меросхӯриро тибқи васиятнома ва қонун муайян кардааст. Дар сурати набудани васиятнома ё агар он як қисмати меросро муайян насозад, ворисӣ тибқи қонун асоснок карда мешавад.

Кушодани меросро моддаи 1142 баъд аз вафот ё фавтида эълон кардани шаҳрванд муайян кардааст. Дар қисми 2 моддаи мазкур омадааст, ки «замони кушодани мерос  рӯзи (ҳангоми зарурат, инчунин, лаҳзаи) вафоти меросгузор ва ҳангоми фавтида эълон  намудани ӯ  рӯзи эътибори  қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар хусуси  фавтида эълон гардидани шаҳрванд мебошад, агар дар қарори суд рӯзи дигар нишон дода нашуда бошад».

Маҳали кушодани меросро моддаи 1143 маҳали охирини зисти меросгузор муайян намудааст. Дар сурати номаълум будани маҳали зисти охирини меросгузор, маҳали кушодани мерос маҳали ҷойгиршавии амволи ғайриманқули ба меросгузор дахлдошта ё қисмати асосии он ва ҳангоми набудани амволи ғайриманқул-маҳали воқеъ гардидани қисми асосии амволи манқул эътироф карда мешавад. Ворисони меросгузор тибқи васиятнома ва қонун шаҳрвандони дар лаҳзаи кушодани мерос зинда ва ҳамчунин кӯдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодани мерос зинда таваллудшуда буда метавонанд.

Ворис ва ё меросхӯр тибқи васиятномаи меросгузор, метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва давлат бошанд.

Мутобиқи моддаи 1145, шахсоне, ки қасдан меросгузор ё яке аз ворисони имконпазирро аз ҳаёт маҳрум сохтаанд ё ба ҳаёти онҳо суиқасд кардаанд, на тибқи васиятнома ва на тибқи қонун ба ворисӣ ҳуқуқ надоранд. Ҳамчунин, шахсоне, ки қасдан ба меросгузор барои амалӣ шудани охирин нияти ӯ монеа гардидаанд ва бо ин роҳ барои ба мерос ҳамроҳ шудани худ ё шахсони наздикашон ё барои зиёд кардани ҳиссаи мероси ба онҳо марбута мусоидат кардаанд, низ меросхӯр буда наметавонанд.

Моддаи 1149 ҳолатҳои гузаштани мерос ба давлатро муайян кардааст. Мувофиқи талаботи он, дар ҳолати ба давлат васият шудани амвол, ворис надоштани меросгузор тибқи қонун ва васиятнома, меросгузор ворисонро тибқи васиятнома аз ҳуқуқи меросгирӣ маҳрум карда бошад, мерос ба давлат мегузарад. Агар яке аз меросгирон ба фоидаи давлат аз гирифтани мерос даст кашад, ҳиссаи ба ӯ тааллуқдошта моли давлат мешавад.

Меросгирӣ бо васиятномаро боби 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Ин боб, ки аз 15 модда иборат аст, масъалаҳои тартиби ба расмият даровардани васиятнома, таъини ворисони иловагӣ, супориши васияткунандаи мерос, гузаш­тани супориши васияткунандаи мерос ба ворисон, муҳлати иҷрои супориши васияткунандаи мерос, базиммагузорӣ, меросгирии қисми амволе, ки васиятнокарда мондааст, қоидаҳои умумии шакли васиятнома, васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, бекор кардан ва тағйир додани васиятнома, беэътибор будани васиятнома ва иҷрои онро дар бар мегирад. Дар банди 1, моддаи 1150 омадааст: «васиятнома иродаи ихтиёрии шаҳрванд оид ба ихтиёрдории ҳуқуқи амволии ба ӯ дахлдошта ва дар ҳолати пешбининамудаи қонун ҳуқуқи ғайриамволӣ ҳангоми вафот кардан эътироф мешавад, ки ба тарзи зарурӣ ба расмият дароварда шудааст».

Тартиби дигари соҳибӣ намудан ба меросро боби 60 Кодекси гражданӣ муқаррар мекунад, ки «Меросгирӣ мутобиқи қонун» ном дорад. Тибқи моддаи 1666- и он дар навбати аввали ворисони қонунӣ  бо ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхондашудагон), ҳамсарон ва падару модар, фарзандхондагони меросгузор ва ҳамчунин кӯдакони шахси вафоткарда, ки баъди  вафоти ӯ таваллуд шудаанд, дохил мешаванд. Навбати дуюми ворисони қонуниро, дар сурати набудани меросгирони навбати якум, бародарону хоҳарони меросгузор, бобову бибиҳои тарафи падарӣ ва модарӣ бо ҳиссаи баробар ташкил медиҳанд (моддаи 1167). Дар ҳолати набудани меросгирони навбати якуму дуюм, ҳуқуқи меросгирӣ бо ҳиссаи баробар ба навбати сеюм тағо, амак, хола ва аммаи меросгузор мегузарад.

Моддаи 1171 ҳуқуқ ба ҳиссаи ҳатмии меросро муайян кардааст. Мувофиқи он кӯдакони ба балоғат нарасида ва ғайриқобили меҳнати васиятгар, падару модар (падархонду модархонд) ва ҳамсари ғайриқобили меҳнат, сарфи назар аз мазмуни васиятнома, на камтар аз се — ду ҳиссаеро, ки ба ҳар яки онҳо ҳангоми мероси қонунӣ (ҳиссаи ҳатмӣ) тааллуқ дошт, мерос мегиранд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки қонунгузорӣ вобаста ба тақсимоти боадолатонаи мерос тамоми нозукиро ба инобат гирифтааст.  Дар сурати ба вуҷуд омадани баҳсҳо ҳам, бо истифода аз қонунҳои амалкунанда, метавон онҳоро боадолатона ҳал кард. Фақат шаҳрвандонро лозим аст, ки маърифати ҳуқуқиро такмил диҳанд, то ҳангоми зарурат ба нофаҳмиҳо роҳ надиҳанд.

 

 

Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ – муовини ректор оид ба

корҳои таълимии Донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқ 

 

Илова кунед: