Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Кушодашавии бинои маркази адлия дар ноҳияи Темурмалик

22.09.2021

22 сентябр соли 2021 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Хуршед Каримзода ва раиси ноҳияи Темурмалик Аминзода Фотеҳ бинои замонавии маркази адлия мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони бинои мазкур моҳи марти соли 2020 оғоз гардида,  моҳи августи соли 2021 пурра ба анҷом расидааст.

Бинои маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,126 га сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад. Ошёнаи якум аз даромадгоҳ, ҳуҷраи гузаронидани маросими ақди никоҳ, қабулгоҳ ва ҳуҷраи мудири бахши САҲШ ва ҳуҷраи қабули шаҳрвандон иборат мебошад. Дар ошёнаи дуюм китобхона, ду ҳуҷраи кории кормандони идораи нотариалии давлатӣ  ва ду ҳуҷраи кории кормандони бюрои ёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст.Ҳамаи ҳуҷраҳо бо лавозимоти корӣ  муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ ва бо таҷҳизоти зарурї муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар ҳавлии бино истгоҳи барқӣ бо трансформатори иқтидораш 63 кВт насб карда шудааст.

Бар замми  ин, дар ҳавлии бино роҳравҳо бо плиткаи сементӣ пўшонида шуда, равшандиҳии беруна таъмин ва қисмати пеши бино кабудизор карда шудааст.     

Хатти алоқаи беруна ба дохили бино пайваст карда шуда,  бо ду рақами телефон муҷаҳҳаз шудааст.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.

 

Илова кунед: