Дар ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ва деҳаи Навбаҳор бо иштироки бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Музаффар Ашуриён, раиси ноҳияи Хуросон, муҳтарам Аҳмадзода Илҳом, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷиҳати расонидани муҳтавои муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик» бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ вохӯриву суҳбатҳо баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Музаффар Ашуриён қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ, бо аъзои Ҳукумати кишвар санаи 15 декабри соли ҷорӣ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бармеояд, муроҷиатномаи Ҳукумати мамлакат ва Ширкати “Барқи тоҷиқ”-ро риоя намоем.
Ҳамчунин дар ин раванд аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ба сокинон таъкид карданд, ки бемории сироятии COVID-19 имрӯзҳо боиси норасоии маводи озуқа гардида истодааст. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода карда, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда тадбирандешӣ намуда, қоидаҳои санитарию гигиениро низ риоя намоем.