Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ҶИҲАТИ ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАВУ ОҚИЛОНАИ НЕРӮИ БАРҚ ВА ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МАБЛАҒҲОИ ОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ дар машварати корӣ иброз доштанд, аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “Сарфаи қувваи барқ – буҷаи оиларо ғанӣ мегардонад” роҳандозӣ карда шуд.
Дар рафти баргузории аксияи мазкур ба истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаҳои Гулрез, Ҳилолӣ, Пахтаобод ва Сабзазори ноҳияи Хуросон муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағҳои он дастрас карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 фаҳмонида шуд.