Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

13.02.2021

13 феврали соли 2021 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратии назди Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорат, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сардорони шуъбаи раёсат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, мудирони шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо, хонаҳои ақди никоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ва кормандони дастгоҳи марказии раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», натиҷаи фаъолияти раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаҳои раёсат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар соли 2020, раванди амалишавии лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» вобаста ба ворид намудани сабтҳо тибқи низоми ягонаи электронӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба натиҷаҳо ва дастовардҳои бадастомада, инчунин мушкилиҳо дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузоришу ахбороти шахсони масъул шунида шуда, ҷиҳати ислоҳи ва беҳтар кардани фаъолият дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Илова кунед: