Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия заминаи бунёдии соҳибистиқлолии давлат

03.11.2022

Конститутсия заминаи бунёдии соҳибистиқлолии давлат

 

«Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Конститутсияи ҳар як давлат, асосҳои давлатӣ, сохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолати ҳуқуқии шахсиятро муайян намуда, базаи ҳуқуқиро барои ҳаёти муназзами ҷамъият ба вуҷуд меорад.

Таърих гувоҳи он аст, ки бори нахуст дар давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Бо дарназардоштани пешрафтҳои ҷомеа то ин муддат ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро кишварҳои  ҷаҳон ҳамчун давлати озод, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ шинохта, эътироф мекунанд. Таҳкими сулҳу субот, пайи ҳам бунёд шудани корхонаҳои саноатии хурду азим, муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, афзудани иқтидори иқтисодӣ, рамзҳои давлатӣ, таъсиси пули миллӣ боварию эътимоди моро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки як миллати соҳибфарҳанги тоҷик бо таваҷҷуҳ ба воқеияти замон ва манофеъи миллии конститутсия ва сохтори давлатиро тибқи ниёз ва ормонҳои фитрӣ ва таърихии хеш қабул ва интихоб намудааст, ки то ба ин васила рушди хешро таъмин созад ва ба кишвари худ ифтихор дошта бошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои бунёд ва пешбурди ҷомеаи Тоҷикистон эътироф шудааст. Имрӯз метавон гуфт, ки он як санади аз лиҳози ҳуқуқи хеле мукаммал ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллию давлатии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Аз вақти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тайи ҳамин солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд,  шуруъ шуда, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конуститутсия пешбинӣ намуд.

Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи  давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намоянд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд».

Аҳамияти таърихии Конститутсияи навини Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёбӣ кард.  Ин ҳуҷҷати бунёдӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 28 соли амали Конститутсия марҳилаи рушди конститутсионии давлатдории навинро бо натиҷаҳои назаррасу қобили таҳсин паси сар кард ва барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таъмини принсипҳои демократии рушди ҷомеа тамоми шароити мусоидро фароҳам овард. Татбиқи бомароми хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсия имкон доданд, ки дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронда шуда, парламентаризми миллӣ рушд кунад ва қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат аз нав таҳияву қабул гарданд.

Конститутсия ва дар заминаи он қабули қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд худогоҳиву худшиносии миллиро таҳким бахшида, ҳамзамон, барои ҳифз ва ташаккули арзишҳои фарҳангии кишвар ва суннатҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла барои эҳёи дубораи забони ноби тоҷикӣ, ки шоҳсутун ва муттакои ҳастии миллат аст ва чун забони давлатӣ эътироф шудани он шароити зарурӣ фароҳам оварданд.

Дар заминаи меъёрҳои сулҳҷӯёнаи Конститутсия ва татбиқи сиёсати бомароми хориҷӣ, Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро пайдо намуд ва бо такя ба сиёсати «дарҳои кушода» бо кишварҳое, ки ба давлати мо назари некбинона доранд, муносибатҳои ҳамҷавору мутақобилан судмандро тақвият бахшид. Тоҷикистон бо беш аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиашро ба роҳ монда, узви зиёда аз 80 созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мебошад ва ҳамасола бо беш аз 100 кишвари дунё мубодилаи молро анҷом медиҳад.   

Дар Конститутсия фарогир гардидани ҳадафҳои олии давлату давлатдорӣ ифодагари он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ воқеан санади муҳим ва калидии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон буда, муаррификунандаи давлату миллат дар ҷаҳони мутамаддин ва таъминкунандаи амалишавии орзуву ниятҳои созандаву бунёдкоронаи ҷомеаи мо мебошад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷро ва риоя ҳатмии меъёрҳои Конститутсия дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократии маҳсуб меёбад. Ин кор аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад».

Ин дастовардҳо бешубҳа симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ ва муаллифи асосии Конститутсияи даврони соҳибистиқлоли дар қарни нав ва роҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ муаррифӣ менамояд.

 

 

Собирзода Исфандиёр Салом,

ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

Қодирзода Мирзоқодир Аюб, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи граждании Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Илова кунед: