Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

КИТОБИ «ТОҶИКОН» - МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

24.05.2022

Таҳти ин унвон дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ бо фарогирии доираи васеи кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, ҳамоишро ректори Донишкада  Собирзода Исфандиёр ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки бо иқдомҳои хирадмандона ва фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими китоби алома Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи кишвар иқдоми наҷиб ба ҳисоб меравад. Шароити сиёсию геополитикии ҷомеаи ҷаҳон моро водор менамояд, ки аз таъриху ниёгони хеш огоҳ бошем, ва ягон таҳдиду хатарҳои беруна ба фарҳанги миллии мо ҷо наёбад. Дар ин росто, омӯзиши асари мазкур амри зарурӣ ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Абдувалӣ Шарифзода – номзади илмҳои таърих, доктори Оксфорд, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи институти ба номи А.Дониши АМИТ оид ба муҳтавои китоби “Тоҷикон” баромад намуда, иброз доштанд, ки бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз Сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар он ҷой дода шудаанд. Меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст. Китоби «Тоҷикон», воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст. Бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои халқи тоҷик ва бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ин иқдом хеле зарур аст, чункӣ мардуми тоҷик таърихи хешро фаромӯш нахоҳанд кард.

Вобасда ба ин, Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб қайд намудаанд, ки хушбахтона, ду фарзанди нобиғаи миллати тоҷик - устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров норасоиҳоро дар самти аз таъриху ниёгони хеш дур мондани миллат эҳсос карданд ва ҷиддан аз пайи ислоҳи он шуданд. Аллома Айнӣ бо рисола ва мақолоти зиёдаш дар хусуси зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ мардумро бо гузаштаи пурифтихор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онҳоро бо таърихи ибратомўзу пурифтихори худ пайваст. Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.

Ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти ин пири хирад ба кори пуршарафе камар баст. Вай дар солҳои басо мушкил ба тадқиқ ва таълифи китобе аз таърихи халқи тоҷик шурўъ намуд. Ковишу ҷустуҷуйҳои пайвастаи ӯ дар ин роҳ самараи дилхоҳ доданд. Ва нахустин асари илмии Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» панҷоҳ сол муқаддам - соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсўзи миллат баробари фаъолияти давлатдориву сиёсӣ ин корро ба анҷом расонд ва барои ҳамзабонону ҳаммиллатонаш равзане кушод аз олами таърих. Ин таҷрибаи аввалини таърихнависии тоҷик дар замони шўравӣ буд ва онро муҳаққиқони намоён, шарқшиносони машҳури дунё хуш пазируфтанд.

Миллати тоҷик тавассути ин асар аз мақоми худшиносӣ ба омўхтани таърихи гузаштаи худ рў овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо бу-данд? Аз куҳо ба зиндагӣ шурўъ карданд? Чӣ тавр давлат сохтанду давлат-дорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба илму адабиёти оламшумул пой гузо-штанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?»- посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд.

 

 

Холмуродзода Г.Х. - мудири кафедраип илмҳои

гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: