Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ

06.09.2022

Худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, барои пешгирии он бояд тамоми қишрҳои ҷомеа саҳмгузор бошанд. Тибқи талаботи моддаҳои 5 ва 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти инсон дар баробари дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир эътироф гардидааст ва ҳар кас ҳаққи зандагӣ дорад.

Ин ҳодисаҳо асосан ҷанбаи иҷтимоӣ дошта, дар пайи  рашк, вазъи саломатӣ (касалии руҳӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ) баҳсҳои оилавӣ ва мунтазам паст задани шаъну шарафи эътибори шахс ба вуқуъ меоянд.

Ба ақидаи олимони ҷомеашинос, ин амал дар зеҳни одамон дар натиҷаи номутобиқатии равонию иҷтимоӣ ва ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ пайдо мешавад. Барои сарриштаи онро пайдо кардан мебояд ҳолати руҳии инсонеро, ки даст ба худкушӣ задааст, дарк кард, зеро аслан ин ҳодисаҳо дар ҳолатҳои маъюсию ноумедӣ рух медиҳанд.

Ҳеҷ як эҳсос ё мушкилие, ҳатто сахттарин рӯз ва гаронтарин мушкилот арзиши онро надорад, ки шаҳрвандон бо чунин роҳ дунёро тарк намуда, наздикони худро мувоҷеҳ ба  аму андуҳ созанд. Вақте, ки мушкилие пеш меояд, онро на ба дасти эҳсосот, балки бо ақл вогузор бояд кард. Яъне, аз андешаву идроки солим мадад бояд ҷуст. Аммо, на ҳамаи шахсони соҳибиродаву таҳаммулпазир метавонанд ба танҳоӣ аз уҳдаи ҳалли мушкилоти пешомада бароянд. Ба ин қисмати осебпазири ҷомеа ёриву дастгирии бевоситаи атрофиён хеле зарур аст.

Даст задан ба худкушӣ, хушунати оилавӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардаанд. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, неруҳои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба ҷавонон сабақи зиндагӣ омӯзанд, пеши роҳи ҷудошавии оилаҳоро гиранд, фарзандонро аз навозишҳои гарми падару модар маҳрум насозанд.

Ба худкушӣ расонидани шахс тибқи қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят пешбини гардида, мутобиқи моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шахс худкушӣ ё суиқасди худкуширо бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс содир кунад, он ҳамчун ба худкушӣ ё суиқасди худкушӣ расонидан ҳисобида шуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 8 солро пешбинӣ менамояд. Мутаассифона, дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки хилофи ин меъёр амал намуда, даст ба худкушӣ ё суиқасд ба ҷони худ мезананд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳеҷ як амали ҷиноӣ беҷавоб намемонад. Гунаҳгорон мувофиқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳарчанд аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ барои пешгирии ҳодисаи номатлуби ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд ҳам, то ба имрӯз ин масъала ҳалли худро наёфтааст.

Метавон хулоса кард, ки сатҳи пасти зиндагӣ, бесаводӣ, бекорӣ, издивоҷи бармаҳал, серфарзандӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, асабоният, майзадагӣ, костагии таълиму тарбия дар оила, наёфтани мавқеи худ дар ҷомеа, паст будани худшиносӣ, худбаҳодиҳӣ, гирифтори табъиз ва дарк накардани масъалаи хушунат аз тарафи ҷомеа, барои худкушӣ замина фароҳам меоранд.

Тадбирҳои андешидаи мақомоти давлатӣ ва тамоми аҳли ҷомеа метавонад боиси аз байн бурдани омилҳои худкушӣ гардад, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пурзӯр намудани тарбияи ахлоқӣ байни мактаббачагон, маълумоти умумӣ гирифтани духтарон, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани машғулиятҳои равоншиносӣ, банақшагирии оила, таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, талқин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, дастрасии занон ба намудҳои гуногуни қарзҳои бонкӣ, таҳияи ва таъмини сиёсати давлат барои ҷудо намудани манзили истиқоматӣ барои оилаҳои  ҷавон, мутахассисон фурӯши манзили истиқоматӣ бо воситаи қарзҳои дарозмуддат ё қарзҳои бебозгашт ва манзили истиқоматии хизматӣ аз тарафи ташкилот, мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад.

Барои пешгирӣ аз худкушию суиқасд ба ҷони худ ҳамкории мақомоти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, равоншиносон ва ниҳодҳои қудратиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан лозим аст.

Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ аз ҷониби мақомоти давлатии дар боло зикргардида амалӣ намудани чорабиниҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

-дар нақша чорабиниҳои мақомоти давлатӣ ва худидоракуии шаҳрак ва деҳод дар доираи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи зуҳуроти номатлуб будани худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ дар байни аҳолӣ, донишҷуён ва мактаббачагон;

-дар фаъолияти кормандони мақомоти давлатӣ ва худидоракуии шаҳрак ва деҳот роҳ надодан ба тамоми намудҳои табъиз;

- аз ҷониби кормандони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  гузаронидани вохӯриву суҳбат бо оилаҳое, ки нияти ҷудошавӣ доранд;

- таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаи худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ ва ҳангоми зарурат бо мақсади пешгирии он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ;

- андешидани чораҳои зарурӣ ҳангоми гузаронидани машваратҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби кормандони мақомотҳои давлатӣ ва марказу муассисаҳои ёрии ҳуқуқӣ ба муроҷиаткунандагоне, ки дар ҳолати вазнини руҳӣ қарор доранд;

- ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ ва мусоидат дар амалӣ намудани чорабиниҳо дар ин самт.

 

Д. Раҷабзода – мутахассиси  пешбари раёсати ёрии ҳуқуқӣ,

робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: