Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2020

24 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид.

Сараввал вазири адлия Музаффар Ашуриён тамоми кормандонро бо ин рӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору фаъолият ва зиндагӣ комёбиву осудаҳолӣ орзу намуд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлоли давлатӣ баррасӣ мешуд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро «Рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст. Тоҷикистон дар минтақа баъд аз Туркманистон дуввумин кишвар аст, ки ба хотири парчами миллии худ иди давлатӣ эълон кардааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 9 сентябри соли 2011 рӯзи таҷлили 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.

Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост ки мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофати истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.

Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки он ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид.

30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки ин замон баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии худи парчам 30 метр ва дарозии он 60 метр мебошад.

Дар охир вазири адлия аз номи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонадони ҳар як сокини кишвар фазои орому пур аз меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно карда, зикр намуд, ки вазифаи мо ин эҳтиром доштану арҷ гузоштан ва рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, ҳамзамон тарбияи ҷавонону наврасони миллатамон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар тамоми сохторҳои зертобеи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иди мазкур бо иштироки ҳамаи кормандон таҷлил гардид.

Илова кунед: