Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чорабинӣ баҳри ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта

26.02.2021

 

26 феврали соли 2021 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ, Ҷануб ва Осиёи Марказӣ бо мусоидати молиявии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб чорабинӣ баҳри ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта баргузор карда шуд.

Мақсади чорабинии мазкур аз коҳиш додани шумораи кӯдаконе, ки аз қайди таваллуд нагузаштаанд ва ба ин васила кам кардани сатҳи бешаҳрвандӣ дар байни кӯдакон мебошад. Дар ин раванд барои 300 нафар кӯдакони шаҳри Кӯлоб шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд омода шуда, ба онҳо ройгон тақдим карда шуд.

 

 

Илова кунед: