"САРФАКОРӢ АЗ МАРДУМИ БОФАРҲАНГ АСТ"


Таъкид гардид, ки “Мардуми шарафманди кишварамон огаҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика хеле рушд ёфта, истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳими стратегӣ эълон гардид. Инчунин солҳое, ки мушкилоти таъмини барқ аҳолиро домангир буд дар баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ҳафтаҳои дароз аз норасоии барқ танқисӣ мекашиданд, имрӯзҳо тамоми ин мушкилхо паси сар шуд ва ҳар як хонадон бо қувваи барқ таъмин мебошанд”.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 фаҳмонида шуд.