Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

"Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ба манфиати ҳамагон аст"

16.12.2020

Тибқи барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2020, №24/10-48 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2020, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП-1059 дар шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён аз 15 то 25 декабри соли 2020 ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон  сафари корӣ анҷом дода шуд.

 

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон вохӯрии намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Музаффар Ашуриён, Раиси ноҳияи Хуросон, муҳтарам Аҳмадзода Илҳом, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.
 
Дар вохӯрӣ намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Музаффар Ашуриён иброз доштаанд ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ дар ҳар як кӯчаю маҳаллаи ҷамоати деҳоти ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.
Ҳозирин уҳдадор шуданд, ки варақаи ташвиқоту тарғиботиро миёни аҳолӣ тақсим намуда, бо ин кори худ дар ин амали хайру савоб саҳми худро мегузоранд. Зеро дар ҳама давру замон исрофкорӣ амали номақбул буд ва мемонад.

Илова кунед: