Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.06.2022

          8 июни соли 2022 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

          Дар Шӯрои мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ гардид.

  1. Гузориши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад оид ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
  2. Гузориши директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Изатулло Ҳабибулло вобаста ба ҷойгиркунии дастурҳо ва тафсирҳо оид ба қонунгузорӣ дар шабакаҳои интернет, дар порталҳои махсуси ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон.
  3. Гузориши раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид оид ба ташкил намудани барномаи махсуси «Маърифати ҳуқуқӣ» дар телевизион ва радио.
  4. Гузориши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар бораи ташкил ва гузаронидани «Рӯзи ахбори ҳуқуқӣ».
  5. Гузориши муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид оид ба тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанг ва дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар.
  6. Гузориши Ализода Шодмони Шамс раиси колегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ташкил ва гузаронидани чорабинӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии истеъмолкунандагон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо

 

Илова кунед: